Мо ҳамеша барои дастгирӣ ва маслиҳат додан ба стартапҳои мо ва гузаронидани чорабиниҳои тахассусӣ тренерҳо ва мураббиёни баландихтисосро меҷӯем.

 

  • Имтиёзҳои шумо ҳамчун тренер ё мураббӣ:
  • Ҳамкорӣ бо гурӯҳи мураббиёни баландихтисос
  • Барномаҳо ва маводҳо барои гузаронидани тренинг
  • Ҷадвали омӯзишии инструкторҳо
  • Имконияти пешниҳоди шартномаи дарозмуддати тренери / мураббӣ, агар ихтисоси мувофиқ дошта бошад

Кӣ метавонад мураббӣ бошад?

  • Шумо як соҳибкори муваффақ ҳастед ва мехоҳед дар бораи моделҳои нави инноватсионии тиҷорат маълумот гиред?
  • Шумо барои сармоягузорӣ дар тиҷоратҳои ояндадор омодаед
  • Шумо омодаед ҳамчун узви ҳакамон дар озмунҳои нақшаи бизнес ширкат варзед ва ғояҳои тиҷориро арзёбӣ кунед.
  • Шумо мехоҳед, аз таҷрибаи худ истифода бурда ба ҷавонон дар бунёд намудани стартапҳои инноватсионии онҳо кумак расонед

Пас барои мураббӣ шудан ба Tajik Startups худро номнавис кунед.

 

Имтиёзҳои шумо:

  • Вақте, ки сухан дар бораи идеяҳои нави тиҷоратии фоидаовар меравад, шумо бевосита дар он иштирок мекунед
  • Шумо метавонед бо як идеяи хуби тиҷоратӣ даромади аз миёна болотарро ба даст оред
  • Шумо ҷавононеро, ки мехоҳанд мустақилона кор кунанд дастгирӣ мекунед.
  • Шумо омодаед, ки дар рушди иқтисодии Тоҷикистон сахм гузоред
  • Шумо мехоҳед, ки бо шарикони нави байналмилали дар сохаи тичорат шинос шавед ва бо онҳо алоқа пайдо кунед.