Accelerate Prosperity

Accelerate Prosperity Тоҷикистон дар соҳаи тиҷорат дар ВМКБ ва вилояти Хатлон таҷриба андӯхтааст ва шабакаи мураббиёнро дар соҳаҳои ояндадортарин, аз ҷумла хидматрасонии тиҷоратӣ, агробизнес, туризм, ТИК (Технологияи Инноватсиони ва Коммуникатсия) ва бофандагӣ таъсис додааст ва ҳоло миқёси минтақаҳои навро дар ҷумҳури васеъ мекунад. Accelerate Prosperity Тоҷикистон бо барномаи соҳибкории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва давомдор ҳамкорӣ карда, хатмкунандагонро бо мураббиён пайваст намуда, мусоидат ба оянда ё таъминоти маблағгузорӣ ҳамкорӣ мекунад.

Ассосиатсияи занбурпарварии "Шахраки Навобод"

Ассосиатсияи занбурпарварии «Шахраки Навобод» дар водии Рашт аз соли 2004 инчониб ба фаъолияти хизматрасонии сохаи занбури асалпарвари машгул мебошад.  Дар ин муддат Асотсиатсия намояндаги ва хамохангсозии фаъолияти занбурпарвари, мухофизати хукуки ва амволи онхо, истехсоли асал, кумак ба аъзоёни худ ва инчунин ба занбурпарварони навогоз, химоя намудани ваколатхои конунии онхо дар минтакаи Рашт машгул мебошад. Ассосиатсия барои расидан ба максадхои оинномавии худ вазифахои зеринро ичро менамояд: хамохангсозии фаъолияти амалии аъзоёни Ассосиатсия, мухофизати хукук, амвол ва дигар манфиатхои аъзоёни Ассосиатсия, расонидани хизматхои машварати ба аъзоёни Ассосиатсия, мусоидат ба шарикии аъзоён ва таъмини равобити доимии байни онхо, рушди сохаи занбурпарвари дар минтакаи Рашт, ташкил ва баркарор намудани робитахои байналхалки ва бастани шартномахои дучониба, маркетинг ва бозорёбии махсулотхои занбурпарварон, ташкил ва гузарондани В2В вохурихо, семинархо ва трейнингхои омузиши барои аъзоёни Ассотсиатсия ва занбурпарварони алохида алалхусус, занбурпарварони навогоз, рохбаладии занбури асалпарварон ва гайра.

Ассосиатсияи миллии хочагихои мохипарвари Чумхурии Точикистон

Ассосиатсияи миллии хочагихои мохипарварии Чумхурии Точикистон дар оянда хамчун Ассосиатсия, ташкилоти гайритичорати, гайридавлати ва ихтиёри буда дар асоси худмаблаггузори, маблагхои хайриявии шахсони вокеи, аъзохакии муассисон ва аъзоён ва инчунин аз маблагхои грантии тамоми ташкилотхои давлативу хоричи амал намуда, фаъолияташро тибки оиннома ва дар асоси санадхои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, ба амал мебарорад.

Ассосиатсия хукук дорад дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои байналмиллалии эътирофкардашуда ва конунгузорихои давлатхои хорича дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон ва чахон сохиби филиал ва намояндагихои худ бошад.

Ташкилоти ҷамъиятии "Анахита"

ТҶ “Анахита” аввалин маротиба соли 2006 таъсис гардида, баъдан соли 2009 аз нав ба қайд гирифта шуд. Фаъолиятхои асоси: баланд бардоштани макоми зан дар чомеа, ташаккул додани сифатхои пешвои занон дар дехот, баланд бардоштани дониши хукуки, иктисоди, ва рушди сохибкории чавонону занони дехот, мусоидат ба рушди соҳаи агробизнес, эко-туризм, кишоварзӣ, ташкил ва инкишофи барномахои хайрияви барои занон, тарзи солимии хаёт, тандурустии модару кудак, расонидани ерии хукуки барои ахоли, дастгири намудани хунарманди, ривоч додани хунархои касбии халки, фолклор, ташаккулу такомули шуурнокии экологии мардуми махали, нигахдории мухити зисти одамон, нигахдории захирахои табии, хифз ва рушди гуногунрангии биологии флора ва фаунаи Точикистон, ва инчунин чустучу, пайдокуни ва омузиши донишу тачрибахои анъанавии мардуми махали. То имруз дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ: The Christensen Fund ва Save the Children як қатор лоиҳаҳоро дар бахшҳои кишоварзӣ, коркарди махсулоти богдори, гиёххои шифобахш, асалпарвари, гармхонаҳо, рушди маҳаллаҳо, баланд бардоштани зарфият ва қобилияти шариконимаҳаллӣ, касбомузии гуруҳҳои занони дехот, хифзи муҳити зист, тандурустӣ ичро намудааст.

Ташкилоти ҷамъиятии "Арзинг"

Арзинг шарики якчанд ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар соли 2019 Арзинг лоиҳаҳоро бо татбиқи муҳоҷирон ва занони осебпазир амалӣ кард ва ҷавононро ба бозори меҳнат татбиқ намуд. Дар доираи лоиҳа 450 нафар касб омӯхтаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии "АЗИТ"

«Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» (АЗИТ) ин ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратиест, ки ислоҳоти демократии худро барои баланд бардоштани некӯаҳволӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалб ва фаъол кардани зеҳни илмӣ ва технологии кишвар, тақвияти нақши сектории давлатӣ дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таълимӣ таблиғ менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии Бонувони Хатлон

Ассотсиатсияи шаҳрвандон бо иштироки занон дар соҳаи рушди шуғл, таълими ҳуқуқӣ, маърифат ва ватандӯстӣ, сиёсат, иқтисодиёти иҷтимоӣ, тандурустӣ ва тарзи ҳаёти солим, инчунин рушди системаи маориф, кишоварзӣ ва хоҷагии об ва беҳбуди муҳити зист ва рушди соҳибкорӣ мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии "Рушди Нуробод"

Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди Нуробод» барои баланд бардоштани саводнокии тарбиявӣ ва ҳуқуқии занон тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ (суҳбату вохӯриҳо), тренингҳо, нашри маводи иттилоотӣ (буклет ва брошюра), инчунин тавассути ВАО кӯшиш менамояд. Мусоидат ба баргузории интихоботи озод, одилона, демократӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод ва иштироки фаъолонаи занон дар он.

Ташкилоти ҷамъиятии Чашмаи Ҳаёт

Ҳадафи асосии Чашмаи Ҳаёт баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа мебошад. Гузаронидани тренингҳо барои ризокорон, занон ва ҷавононро пешниҳод мекунад. Ғайр аз он, Чашмай Ҳаёт ба стартапҳо барои гирифтани грантҳо кӯмак мерасонад.

Ташкилоти ҷамъиятии Фурўғ

Фурӯғ дар соҳаҳои зерин тренингҳо мегузаронад: таълими тиҷоратӣ барои занон, урдугоҳҳои иқтисодии соҳибкорони ҷавон, клуби духтарон (духтарон ва занонро ба тиҷорати худ ташвиқ мекунад).

Ташкилоти ҷамъиятии МИР

Ташкилоти рушди ташаббусҳо (МИР) як созмони ҷамъиятӣ мебошад, ки диққати асосии он ба рушди ислоҳоти демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ин ташкилот тавассути ҷалби гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон ба равандҳои рушд дар кишварҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Ассотсиатсияи миллии занони Тоҷикистон

АМЗТ айни замон яке аз калонтарин ташкилотҳои ғайритиҷоратиест, ки дар соҳаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Он барои дастгирӣ ва рушди тиҷорати хурд ва миёна, ба занон ва соҳибкорони ҷавон дастрасӣ ба таҳсилот фароҳам меорад, ва барои овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии Нексигол Мушовир

Вазифаи Нексигол Мушовир саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни аҳолии деҳоти Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, Нексигол Мушовир лоиҳаи «Пешбурди афзоиши даромади деҳқонон”-ро амалӣ мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии Нексигол Навовар

Мусоидат ба рушди бахши кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки ба муҳити зист таъсири мусбат мерасонанд. Деҳқонон ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ инҳо таъминкунандагони мавод, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон, воридкунандагон, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо қаҳвахонаҳо, шабакаҳои чакана, ҳукуматҳои дахлдор ва ташкилотҳои башардӯстона, хадамоти тавсеаи соҳаи кишоварзӣ, ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ, ташкилотҳои молиявӣ, дигар фаъолони занҷирҳои арзиши кишоварзӣ ва истеъмолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.

Ташкилоти ҷамъиятии Отифа

Вазифаи асосии Ташкилоти ҷамъиятии “Отифа” ин пешбурди некӯаҳволии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, хусусан ҷавонон мебошад. Асосан аз ин ташкилот занон фоида мебаранд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Садои умед»

Ҳадаф баланд бардоштани нақши ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҳалли вазифаҳои афзалиятноки ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии Сайёр

Ташкилоти ҷамъиятии “Сайёр” фаъолияти худро соли 2003 оғоз намуда, моҳи октябри соли 2007 расман сабти ном шуд. Сайёр бо дастгирии донорҳои хориҷӣ якчанд лоиҳаҳоро амалӣ кардааст: Сафорати Олмон, Бунёди Канада, Норвегия, Сафорати Ҷопон, WFP, USAID, WB, JICA ва ғайра.

Ташкилоти ҷамъиятии Шифо

Ҳадафи асосии ташкилоти “Шифо” ин мусоидат дар рушди соҳаи кишоварзӣ, ташаккули дониш дар бораи санитарияи об дар деҳот, дониши занон, баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии идоракунӣ ва истифодаи захираҳои об, дастгирии соҳибкорӣ, гузаронидани семинарҳо, баровардани китобчаҳо ва инчунин ба маъюбону ятимон ва нафақахӯрон кӯмак расонидан.

Ташкилоти ҷамъиятии Шоира

Ташкилоти ҷамъиятии «Шоира» 1 марти соли 2022 ба қайд гирифта шудааст.
Вазифаи ташкилот: Татбиқи лоиҳаҳое, ки ба беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунанд
Ҳадафҳои асосӣ:
➢ Бењтар намудани вазъи иљтимоию иќтисодии ањолї;
➢ Дастрасӣ ба дониш ва малака;
Хидматҳои мо:
➢ Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои аҳолӣ;
➢ Ташкили маркази таълимӣ;
➢ Дастгирии баланд бардоштани иқтидори ташкилӣ;
➢ Дастгирии соҳибкорони ҷавон ва навкор ва ғайра.

Маркази давлатии инкубатсионии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Бизнес-инкубатори Тоҷикистон платформаи дастгирии стартапҳои инноватсионӣ ва технологӣ мебошад. Вазифаи асосии ин муассиса амал кардан ба ҳайси бизнес-инкубатор дар панҷ минтақа (зиёда аз 1500 метри мураббаъ, ки аз ҷониби давлат барои равандҳои инкубатсионии тиҷоратӣ ҷудо карда шудааст) ки дар он ҷо машваратҳо, барномаҳои инкубатсионӣ, тренингҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ баргузор мегарданд.

Маркази Таълимии "Хирад"

Маркази таълимии «Хирад» дорои вариантҳои электронии китобҳои тахассусӣ оид ба менеҷмент, маркетинг, молия буда, осори муаллифони хориҷӣ ва тоҷикро танҳо ба забони тоҷикӣ пешкаши хонанда мегардад. Корбарони интернет ба китобҳое, ки аз ҷониби коршиносони варзидаи тиҷорати ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, аз ҷониби нашриётҳои машҳури ҷаҳонӣ ба табъ расидаанд, дастраси менамоянд. Муносибати эчодии МТ «Хирад» барои ба дасти хонандагон расондани нашрияхо ёрй мерасонад. Аз чумла, мутахассисони МТ «Хирад» дар сохаи муошират ва суханронии омма тренингхои тичорати, семинархо, тадкикотхои сахрои ва чорабинихои гуногун мегузаронанд.

Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон

Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон (ДАТ) яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе буда, дар он тақрибан 6500 донишҷӯ ва зиёда аз 35000 нафар хатмкунандагон таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дорои нӯҳ факулта аст: агрономия, агробизнес, тибби байторӣ, иқтисодиёт, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, механизатсияи хоҷагии қишлоқ, усулҳои обёрӣ ва омода намудани мутахассисон аз рӯи 31 ихтисос.

Ташкилоти ҷамъиятии TajRupt

TajRupt яке аз созмони ғайритиҷоратиест, ки рисолати он таҳияи қарорҳои устувор ва фароҳам овардани имкониятҳо барои тавонмандсозии донишҷӯён дар Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ҳадафи асосии озмоишгоҳи инноватсионӣ фароҳам овардани платформа барои мубодилаи таҷриба, иттилоот, натиҷаҳои мусбат ва захираҳо тавассути ташкили муколама байни донишгоҳҳо ва бахши тиҷорат, таҳияи лоиҳаҳои муштарак тавассути фаъолият дар лабораторияҳои инноватсионӣ мебошад. Лабораторияи инноватсионӣ фазои физикӣ ва маҷозӣ дошта тавассути пешрафт ва рушди навовариҳои ҳамкории донишгоҳҳо, институтҳои тадқиқотӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва дигар субъектҳои иқтисодӣ имконият фароҳам меорад, то форматҳои муваффақонаи иҷтимоӣ ва институтсионӣ барои тавлиди дониши нав ва муваффақонаи онҳо барномаҳои тиҷоратӣ ташкил кунад.

Top Consulting

“Top Consulting” яке аз ширкатҳои пешбари машваратӣ дар соҳаи машваратдиҳии менеҷмент, оптимизатсияи равандҳо, тағирот ва маркетинг дар бозори Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ мебошад. Ширкат доираи васеи хизматрасониҳои машваратиро пешниҳод менамояд ва аз соли 2008 инҷониб дар бозор бомуваффақият фаъолият мекунад. “Top Consulting” як дастаи хуб ба роҳ мондашудаи мутахассисони дорои ҳавасмандии баланд ва дорои таҷрибаи бой дар таҳияи стратегия, менеҷмент, маркетинг, фурӯш, моделсозии бизнес, менеҷменти кормандон ва ғайра мебошад.

Занон ва Ҷомеа

Ассосиатсияи “Занон ва Ҷомеа” моҳи феврали соли 1995 ба вуҷуд омадааст. Дар тӯли 20 соли фаъолияти худ “Занон ва Ҷомеа” бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ, аз қабили СММ, Бунёди Авросиё, Корпоратсияи Прагма, Mama Cash, Global Fund, IREX, ACTED, UNDP, NSIFT, GTZ / GIZ, лоиҳаи RTLC (USAID), IOM, Helvetas,  Гурӯҳи IFC Бонки Умумиҷаҳонӣ, MSDSP ҳамкорӣ кардааст. Дар байни дигар хидматҳо, “Занон ва Ҷомеа” хидматҳои омӯзишӣ ва машваратӣ дар соҳаи ҳуқуқ, забон ва иқтисодиётро пешниҳод мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии Замонат

“Замонат” ассотсиатсияи гурӯҳи коршиносон оид ба рушди соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон мебошад. Вазифаи ташкилот кӯмак дар рушди тиҷорат мебошад. Хизматрасонии пешниҳодшуда ин машварати менеҷмент, хидматҳои идоракунии истеҳсолот, хидматҳои маркетинг, тренингҳо ва семинарҳо барои соҳибкорон ва ширкатҳои хурду миёна аст.

Муваффақият на танҳо аз он иборат аст, ки шумо дар ҳаётатон ба даст меоред. Ин дар бораи он аст, ки шумо ба дигарон илҳом мебахшед.

– Дастаи Tajik Startups –

Шарики Tajik Startups бошед

Мо ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҷонибдорони ташаббуси стартап ҳастем. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, палатаҳои саноат ва савдо, агентиҳои рушди тиҷорат, ташкилотҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, ширкатҳое, ки бо мавзӯи стартапҳо сарукор доранд, метавонанд шарики ташаббуси мо шаванд.

Агар шумо хоҳед шарик ва ҷонибодори ташабусси мо шавед, лутфан шакли зеринро пур кунед.

Ғайр аз он, шумо метавонед созишномаи шарикии моро зеркашӣ кунед (Memorandum of Understanding)