Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии (КДС) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии идеяҳои тиҷоратии нав дар Тоҷикистон ба фаъолияти бизнес-инкубатор (Муассисаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ) оғоз бахшид.
Дар айни ҳол, Бизнес инкубатори давлатӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла филиалҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва Конибодом ба фаъолият оғоз намуда, дар марҳилаҳои аввал ба идеяҳои тиҷоратии нав дастгирӣ пешниҳод мекунад. Хизматрасониҳое, ки аз ҷониби бизнес-инкубатор пешниҳод карда мешаванд, барои рушди муваффақона ва оғози тиҷорат хеле муҳиманд. Стартап идеяҳо метавонанд дар муддати аз 3 то 12 моҳ сокини (резиденти) бизнес-инкубатор шаванд ва дар таҳияи идеяи тиҷоратиашон кӯмак гиранд, барои оғози идея ва рӯйнамоии он ба донорҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хусусӣ омода шаванд.
Бизнес-инкубатор ба наздикӣ бо Барномаи GIZ оид ба дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) II – Қисмати 4 “Лоиҳаи пебурди стартап идеяҳо”, ки онро созмони PEM CONSULT амалӣ карда истодааст, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Ёддошти тафоҳум шарту ҷузъиёти таблиғи фаъолияти стартапҳоро муайян мекунад, аз ҷумла маъракаҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои стартап, буткамп (марказҳои омӯзишӣ), инкубатсия (зиёднамоӣ) ва менторингро (роҳнамоӣ) барои ширкатҳои нав маблағгузорӣ мекунанд.
Тавре сардори Раёсати байналмилалии бизнес-инкубатор Виталий Шамаев мегӯяд, «Бизнес-инкубатор ба стартапҳои ҷавон дар панҷ самти асосӣ хизматрасонӣ мекунад, аз ҷумла:
- пешниҳоди машваратҳо оид ба равандҳои тиҷорати дохилӣ
- расонидани машваратҳо ба соҳибкорон оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ
- таъмини дастрасӣ ба имкониятҳои молиявӣ
- таъмини дастрасӣ ба муҳити динамикии тиҷорат
- таъмини дастрасӣ ба интернети баландсуръат
Ин хизматҳо ба соҳибкорони ҷавон ҷиҳати босуръат инкишоф додани малакаҳои худ ва омӯхтани маълумоти зарурӣ барои рақобатпазир ва устувор мондани онҳо дар муҳити тиҷорат кӯмак мекунад».
Ҳадафи бизнес-инкубатор аз рушд додан ва пешбурди соҳибкорӣ дар саросари Тоҷикистон иборат аст, хусусан дар сатҳи минтақавӣ тавассути ташкили чорабиниҳои таълимӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ ва мастер-классҳо. Қисми муҳими кори бизнес-инкубатор дастгирии консепсияҳои инноватсионӣ, идеяҳои нави стартап ва соҳибкории занон тавассути фароҳам овардани инкубатсия ва акселератсия, машварат ва имкониятҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратии онҳо мебошад.
“Аксари сокинони кунунии инкубатори мо ҷавонон ва занон мебошанд. Новобаста аз синну сол, ҷинс, дигар ҷиҳат ё стартап, мо идеяҳои инноватсионӣ, эҷодӣ, дурнамо ва ҷолибро дастгирӣ менамоем, аммо дастгирии занони соҳибкор дар шароити кунунии кишвар хеле муҳим аст. Мо лоиҳаи Барномаи Рушди СММ-ро бо номи «Дастгирӣ ва рушди занони соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» амалӣ карда истодаем, ки ҳадафи он омӯзиши занон оид ба асосҳои соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи бизнес идеяҳо, малакаҳои маркетингӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии тиҷорат мебошад». – мегӯяд Виталий Шамаев.
Бизнес-инкубатор дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ ба татбиқи лоиҳаи рушди соҳибкории занон тавассути омӯзиш ва татбиқи механизмҳои самарабахши дастгирӣ шурӯъ намуд. Дар давоми моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд барои 40 зани соҳибкор давраи омӯзишии шашрӯза гузаронида шуд, ки машғулиятҳои он аз мавзӯъҳои зерин иборат буд:
- Агар таҷрибаи корӣ набошад, чӣ гуна тиҷоратро оғоз кардан мумкин аст?
- Чӣ тавр зан метавонад тиҷорати худро дар Тоҷикистон сабти ном кунад?
- Чӣ гуна дар байни рақибон дар бозор устувор мондан мумкин аст?
- Тартиби танзим барои кушодан ва бастани шаҳодатномаи соҳибкори хусусӣ?
- Чӣ тавр мизоҷонро ба тиҷорати худ ҷалб кардан мумкин аст?
- Чӣ тавр мутахассисони хубро ба тиҷорати худ ҷалб кардан мумкин аст?
- Тарзи таҳия ва пешниҳод кардани ҳисобот ба идораи андоз.
- Каналҳои фурӯшро чӣ гуна бояд сохт?
- Чӣ гуна тиҷорати худро таъмин кардан мумкин аст?
Мақсад аз такшкил кардани ин дарсҳои омӯзишӣ ин дастгирии соҳибкории занон ва рушди иқтидори иқтисодии занони деҳоти Тоҷикистон мебошад.
Сокинон дар бизнес-инкубатор барои муаррифии идеяи Eco Plast муаррифӣ тайёр мекунанд
Бизнес-инкубатори мазкур ҳамчун миёнарав дар байни идеяҳои нав ва сармоягузорону донорҳои эҳтимолӣ баромад мекунад. Бизнес-инкубатор бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, то барои корхонаҳои нав ҷиҳати дарёфти грант барои татбиқи идеяҳои тиҷоратӣ имконияти хуб фароҳам оранд.
Фаъолияти бизнес-инкубатори Тоҷикистон дар охири соли 2018 барои дастгирии методологӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ ба соҳибкорон оғоз ёфт. Таъсиси бизнес-инкубатор бо фармони Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Дар ин муддат, инкубатор як қатор стартапҳои муваффақро, аз қабили Vitamin.tj, Як-Ду, Смарт-Сохтмон, Эко-Пласт ва Keto & Fit Tajikistan хатм кард, ки дорои идея ва зиёда аз як фурӯш мебошанд, ки дар бозор пешниҳод карда метавонанд. Дар мақолаҳои оянда мо ба шумо дар бораи таҷриба ва дастовардҳои ин идеяҳои тиҷорӣ, инчунин дар бораи ҳамкории бизнес-инкубатор бо лоиҳаи TRIGGER II-Тарғиби идеяҳои навтаъсис пешкаш хоҳем кард.
Аксҳо: Муассисаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ