Имрӯз, мо мехоҳем бо Сабоҳатулло Музаффаров коршиноси PEM CONSULT доар соҳаи кишоварзӣ сӯҳбат кунем, то он кас бо мо дар бораи таҷрибаи худ оид ба имкониятҳои агробизнес дар Тоҷикистон нақл намояд. Ин маълумот метавонад ба шумо идеяҳо барои оғози идеяҳои тиҷоратиатон дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод намояд.
Ҷаноби Музаффаров, лутфан дар бораи таҷрибаи кории худ ба хонандагони мо маълумот диҳед?
Ман дар татбиқи лоиҳаҳои кишоварзӣ дар кишварҳои камдаромад ва миёна, ба мисли Тоҷикистон ва Афғонистон, зиёда аз 15 сол таҷрибаи корӣ дорам. Ман мутахассиси соҳаи инноватсионии агробизнес ҳастам ва таҷрибаи калони кор дар лоиҳаҳои занҷираи арзиш дар ташкилотҳои сершумори кишоварзӣ мебошам.
Кадом бизнес идеяхои инновациони дар сохаи агробизнес дар Точикистон то имруз амали шудаанд?
Новобаста аз он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба саноатикунонии кишвар овардааст, то ҳол бахши умдаи Маҷмуи маҳсулоти кишварро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон зиёда аз 25% ро ташкил медиҳад. Дар солҳои пеш агар истеҳсолоти кишоварзӣ қисми асосии соҳаи тиҷорати кишоварзиро ташкил медод, яъне истеҳсол ва фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар намуди тару тоза пешкаш мегардиданд, дар солҳои охир соҳибкорон рӯ ба дигар шохаҳои занҷираи арзишҳо оварданд ва соҳаҳои коркард, нигаҳдорӣ, бандубаст, содироти маҳсулоти кишоварзӣ рушд намуда истодаанд. Биноан, дар соҳаҳои гуногуни агробизнес идеяҳои гуногун аз ҷониби соҳибкорон роҳандозӣ мешаванд. Мисол дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ворид намудани навъҳои гуногуни тухмиҳои хушсифати ба талаботи бозор мувофиқ, истифодаи нуриҳои гуногуни биологӣ, ки ба сифати маҳсулот ва муҳити атроф таъсири манфии камтар доранд, навъҳои гуногуни ба талаботи бозор мувофиқи дарахтони мевадиҳанда, технологияҳо ва мошинолотҳои ҷадиди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.
Инчунин гармхонаҳои муосири бо обёрии қатрагӣ, болопушҳои поликарбонат ва ҳавокашҳои бо тарзи автоматӣ муҷаҳҳаз ҳамасола зиёд шуда истодаанд. Дар соҳаи коркард ва нигаҳдорӣ ворид намудани мошинолотҳои нисбатан каммасраф вале дорои иқтидори бештар, нигаҳдории мева сабзавот дар муҳити газӣ, истифодаи зарфҳои гуногун, аз қабили евробокс (қуттиҳо бо стандартҳои аврупоӣ), истеҳсоли намудҳои дар Тоҷикистон нави консерваҳо, маҳсулотҳои ширӣ, меваҳои хушк, бандубаст дар муҳити беҳаво (вакуумная упаковка) ва ғайраҳо паҳн шуда истодаанд. Барои содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ низ корҳои зиеде оиди сертификаткунонӣ, тамғагузорӣ, бандубаст, ташкили марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуда истодааст.
Оё барои амалӣ намудани агробизнес идеяҳои инновационӣ дар Тоҷикистон сармоягузор/донор/маблағгузор ҳаст?
Лоиҳаҳои зиеде монанди Лоиҳаи «Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) II, ки аз ҷониби GIZ маблағгузорӣ мешавад, Лоиҳаи рақобатпазирӣ, савдо ва таъмин бо ҷойи кор дар Осиёи Марказӣ (USAID CTJ), Лоиҳа оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (USAID АСАТ), барномаҳои Фонди Оғохон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ,барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ ва ғайраҳо дар Тоҷикистон барои дастгирии идеяҳои инноватсионӣ дар соҳаи агробизнез кумак мекунанд. Инчунин дар соли 2020 дар Тоҷикистон ва маркази вилоятҳо Муассисаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ба фаъолият оғоз кард, ки барои кушодани тиҷорати нав (START-UP) ба муштариён, махсусан занону ҷавонон кумак мекунад.
Ба ақидаи шумо агробизнес идеяҳои инновационӣ ба кадом намуди маслиҳатҳо/ машварат бештар ниёз доранд?
Пеш аз ҳама бояд бозорро омухт ва донист, ки ҷомеа ба кадом намуди маҳсулот ё худ хизматрасонӣ ниёз дорад. Инчунин, тиҷорат ҳисобу китоби дақиқро мехоҳад. Биноан, хуб мешуд, ки ҳамагуна тиҷорат аз тартиб додани бизнес-нақша оғоз ёбад, зеро тиҷорате, ки тахминӣ ва бе нақша ҷараён мегирад ба муфлисшавӣ оварда мерасонад.
Аз сабаби он, ки маводҳо ва таҷҳизоти аксари идеяҳои инноватсионӣ дар берун аз Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ва аксаран харидоронро онлайн пайдо менамоянд, хуб мешуд, ки ба муштариён барномаҳои компютерӣ ва истифодаи интернет дар тиҷорат омӯзонида мешуданд.
Махсусан ҳозир, ки тамоми дунёро маризии КОВИД-19 фаро гирифтааст, аксари ташкилотҳо машваратдиҳӣ, гузаронидани тренингу вебинарҳо ва савдоро онлайн ба роҳ мондаанд. Пас аз ба роҳ мондани тиҷорат гузаронидани омӯзишҳо оид ба ҳисобу китоби бухгалтерӣ дар корхона, маркетинг, сертификатсияи маҳсулот, бастубанду тамғагузорӣ аз аҳамият холӣ нестанд.
Акс: Бойгонии Сабохатулло Музаффаров