Лоиҳаи «Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) II, ки аз ҷониби GIZ маблағгузорӣ шуда, онро ташкилоти PEM CONSULT амалӣ мекунад, бо Созмони ҷамъиятии (СҶ) Замонат бо мақсади беҳтар намудани татбиқи лоиҳаи TRIGGER II Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. ТҶ Замонат дорои як гурӯҳи мутахассисони ботаҷриба ва лаёқатманд мебошад, ки барои идеяҳои нави тиҷоратӣ барои оғози фаъолият ва ба шахсони мавҷуда ҷиҳати рушд ва тавсеаи тиҷорати худ хизматҳои машваратӣ мерасонанд. Яке аз чунин мутахассисон Асроров Наим аст, ки коршиноси соҳаи рушди агробизнес ва идеяҳои стартап мебошад.
Соли 2019 Асроров Наим бо як соҳибкор аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Гулаков Расул, ки соҳиби тиҷорати навтаъсиси коркарди чӯб аст, мулоқот дошт. Тиҷорати ӯ ба туфайли таҷрибаи бояш дар соҳаи технологияи коркарди чӯб ва хоҷагии хурди деҳқониаш бо масоҳати як гектар, ки дар он ҷо сабзавот ва зироатҳои ғалладона парвариш мекунад, муваффақ шуд. Гулаков Расул дар бораи истифодаи самаранок ва коркарди партовҳои истеҳсолот ва ба қайд гирифтани тиҷорат аз Асроров Наим маслиҳат мепурсад. Асроров Наим ба Гулаков Расул пешниҳод кард, ки партовҳои истеҳсолиро (майдачӯб) барои истеҳсоли нуриҳои органикӣ (компост) истифода барад, инчунин аз чӯби ғайристандартӣ барои фурӯш ҳезум омода кунад. Ин амал ҳам вақт ва ҳам хароҷоти барои интиқоли чӯб сарфшавандаро сарфа мекунад, инчунин барои соҳибкори ҷавон даромади иловагӣ меоварад.
Тавсияҳои мушовир ба Гулаков Расул хеле писанд омад ва ӯ Асроров Наимро ба хоҷагии худ даъват кард, то ба онҳо тарзи тайёр кардани компостро нишон диҳад. Гулаков Расул деҳқонони дигарро аз хоҷагиҳои ҳамсоя даъват кард, то дар машғулияти амалӣ иштирок намуда, тарзи тайёр кардани нуриҳои органикиро омӯзанд.
Асроров Наим ба иштирокчиён дар бораи намудщои партовҳ, ки барои омода намудани компост истифода бурдан мумкин аст, маълумот дод. Онҳо партовҳои дар хоҷагӣ мавҷудбударо барои компост, аз ҷумла майдачӯб, нуриҳои минералӣ (карбомид), оҳак ва пору истифода карданд. Дар сайти пешниҳодкардаи Асроров Наим иштирокчиён партовҳоро қабат ба қабат тавре, ки Асроров Наим ба онҳо дастур дод, ҷойгир карданд.
Гулаков Расул ҳамчунин истеҳсоли ҳезумро аз чӯби боқимонда оғоз карда, онҳоро ба як андоза бурида, ҳезуми сӯзишворӣ омода кард. Ҳоло ӯ як скутери боркаши ин маҳсулотро бо нархи 200-250 сомонӣ мефурӯшад, ки ин боиси афзоиши даромади соҳибкор шудааст.
Мушкилоти дуввуме, ки Гулаков Расул дар раванди идоракунии тиҷорати худ рӯ ба рӯ шуд, вобаста ба талаботи қонунгузории андоз ва бақайдгирии корхона буд. Нозирони андози маҳаллӣ талаботи қонуни андозро ба Гулаков Расул нодуруст шарҳ дода, ба ӯ тавсия доданд, ки барои ба қайд гирифтани тиҷорати коркарди чӯб шаҳодатномаи дигаре ба номи шахси сеюм гирад, ки ин ба соҳибкор бори иловагӣ оварда метавонист. Бо мақсади омӯхтани ҷузъиёти ин масъала ва фаҳмидани талаботи қонунгузорӣ Асроров Наим бо нозирони андози маҳаллӣ ва коршиноси Кумитаи андози ҷумҳуриявӣ вохӯрд. Азбаски Гулаков Расул аллакай худро ҳамчун як соҳибкори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яъне ҳамчун “Хоҷагии деҳқонӣ” сабти ном карда буд, коршиноси кумитаи андоз ба Гулаков Расул тавсия дод, ки тиҷорати коркарди чӯбро ҳамчун намуди дуюми фаъолияти асосиаш оид ба “Истеҳсоли зироатҳои хоҷагии қишлоқ» ва мувофиқи Шаҳодатномаи мавҷудаи
фаъолияти соҳибкорӣ кор кунанд.
Хизматҳои машваратии Асроров Наим ба ин соҳибкор ба муваффақиятҳои зерин оварда расонданд:
- Цехи истеҳсоли чӯб бидуни партов фаъолият мекунад ва чӯби ғайристандартӣ ҳамчун ҳезум барои сӯзишворӣ коркард ва фурӯхта мешавад.
- Аз майдачӯби боқимонда компост тайёр мекунанд, ки он барои парвариши сабзавот нурии органикӣ мебошад.
- Тиҷорат ба тариқи беҳтарин ба қайд гирифта шудааст.
- Соҳибкор даромад ва хароҷоти молиявиашро ба ҳисоб мегирад.
- Даромаднокии тиҷорат беш аз 20% афзоиш ёфт.
Муҳтарам ҷавонони навкор! Агар дар бораи тарзи оғоз кардани тиҷорат ё пешбурди он ба шумо маслиҳат лозим шавад ё саволе пайдо шавад, шумо ҳамеша метавонед ба мутахассисони лоиҳаи TRIGGER II муроҷиат кунед. Ба шумо барори кор хоҳонем!