Моринга чист?
Моринга як намуд дарахти тез нашъунумӯ кунанда буда сергул аст ва тухми фаровоне (дар ғилофакҳояш) дорад.
Тамоми қисматҳои дарахтро (барг, тухм, реша, пӯст, тана) ҳамчун ғизо истеъмол кардан мумкин аст.
Ватани ин дарахт мамлакатҳои субтропикӣ ва тропикӣ мебошад. Ин растани босуръат қад мекашад ва бо ин хислаташ ба бабук монанд аст вале аз он ба кулли фарқ мекунад.
Яке аз хусусиятҳои ин дарахт он аст, ки вай дар хокҳои коҳида (камғизо) ва ҷойҳои камоб низ афзоиш мекунад, ки дар он ҷойҳо дигар растаниҳои маъмул тобовар нестанд. Моринго бо ин хусусияташ барои парвариш дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон мувофиқ аст.
Моринга дар шароити тропикӣ ва субтропикӣ месабзад. Дар шароитиТоҷикистон, дар минтақаҳои субтропикии минтақаи Хатлон морингаро дар майдони кушод ва дар минтақаҳои дигари иқлимӣ кишвар дар замини пӯшида (гармхонаҳо) парвариш кардан мумкин аст.
Зиёда аз 13 намуди дарахти моринга мавҷуд аст ва ҳамаи қисматҳои онҳо ҳамчун озуқа ва маводи табобатӣ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истифода мебаранд. Дар баъзе кишварҳо тухми онро мисли мағзи чормағзи заминӣ (арахис) истеъмол мекунанд. Баргҳояшро одатан ба хӯришҳо (салатҳо) илова мекунанд, зеро онҳо арзиши ғизоии хеле баланд доранд. Илова бар он, ки моринга ҳамчун манбаъи ғизоӣ аст, боз ин растаниро барои барқарор кардани заминҳои ҳосилхезиашонро гум карда, ҷангалзоркунӣ, тозакунии обҳои олуда, истеҳсоли равған ва баъзе доруҳо ва иловаҳои биологӣ истифода мешавад.
Парвариши моринга ҳамчун идеяи бизнес барои стартапҳо дар бахши агробизнес.
Агробизнесҳои навкор бояд ба парвариши моринга ҳамчун зироати алтернативӣ диққат диҳанд. Моринга роҳи хуби ба даст овардани биомассаи баландсифат ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли иловаҳои ғизои парҳезӣ ва доруҳои шифобахш мебошад, зеро ин растании фавқулодда аз сафедаҳо, калтсий, витаминҳо, минералҳо ва аминокислотаҳо бой аст, ки онро доруи беназир барои табобати бисёр бемориҳо мешуморанд. Афзалияти асосии ин дарахт маҳз дар омезиши беназири компонентҳои табиӣ, ки ба он хосиятҳои шифобахши хоса медиҳанд, вобастагӣ дорад.
Истеҳсоли Морингоро бо якчанд мақсадҳои тиҷоратӣ ташкил кардан мумкин аст, ба монанди:
- Ашёи хом барои истеҳсоли маводҳои табобатӣ.
- Барои истеҳсоли равған
- Истеҳсоли тухмӣ (тухми моринга ба монанди тухми арахис истеъмол карда мешавад)
- Барои истеҳсоли асал дар занбӯрпарварӣ (моринго хело фаровон гул мекунад ва гулаш бӯи хуши хоса дошта асали аз он истеҳсолшуда маззаи лазизи хоса дорад).
- Ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ (баргҳояш хӯрданибоб ва аз витаминҳо бой мебошанд)
Аз сабаби сифатҳои мусбати худ, моринга ҳамчун бизнес як идеяи олӣ ва сердаромад барои стартапҳо дар бахши агробизнес мебошад.
Хонандагони муҳтарам метавонанд оиди истеҳсоли моринга ва ё дигар ҷухъиётҳои он ба сомонаи www.tajik-stsrtups.com саволҳои худро ирсол кунанд, Мутахассисони лоиҳаи “TRIGGER II – Start-up Promotion / GIZ ба саволҳои Шумо ҷавоб медиҳанд ва ё тавсияҳои заруриро пешкаш мекунанд.