Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 сол мешавад, ки раванди ислоҳоти кишоварзӣ идома дорад ва дар натиҷаи раванди таҷдиди Хоҷагиҳои калонҳаҷм шумораи зиёди хоҷагиҳои фермерии хурд ва ё инфиродӣ рӯз аз рӯз меафзоянд. Одататан қисми зиёди чунин хоҷагиҳои фермерӣ бо мутахассисони кишоварзӣ (Агрономҳо, зоотехникҳо, байторҳо, энтомологҳо ва ғ.) таъмин нестанд, ки боиси сатҳи пасти самаранокии истеҳсолоташон ва даромаднокиашон мебошад. Зеро ин Хоҷагиҳои хурд барои ҷалби чунин муттахассисон ҳамчун коргар имконияташон маҳдуд аст. Яъне маоши ҳавасмандкунанда пешниҳод карда наметавонанд. Аз тарафи дигар Донишкадаҳо ва коллеҷҳои аграрии Ҷумҳуриамон ҳамасола шумораи зиёди мутахассисони соҳавиро тайёр мекунанд. Қисми зиёди хатмкунандагон ҳамчун муттахассисони кишоварзӣ мувофиқи касбашон ҷои корӣ дарёфт карда наметавонанд ва сафи бузурги ҷавони бекорро пурра мегардонад.
Омӯзиши талаботҳо ва имкониятҳои Хоҷагиҳои фермерии хурд нишон доданд, ки онҳо мутахассисонро ҳамчун коргар ҷалб карда натавонанд ҳам лекин онҳоро муваққатан барои иҷрои хизматрасониҳои мушаххас ҳамчун мутахассис ҷалб карда метавонанд. Чунин шакли ҳамкорӣ барои фермерон дастрасу қулай буда аз лиҳози хароҷот нисбати ҷалби мутахассисон ҳамчун коргар хеле судманд аст.
Барои мутахассисони ҷавон низ доштани шартномаи хизматрасонӣ бо якчанд фермерон беҳтар аст аз оне ки бо як хоҷагӣ шартномаи меҳнатӣ дошта бошад ва бар ивази музди кам пурра тобеъи он бошад.
Ин намуди ҳамкорӣ ҳам имконияти муттахасисони кишоварзиро зиёд мекунад ва ҳам дастрасии фермеронро ба хизматрасониҳои тахассусӣ осону судманд мекунад.
Бинобар ин ТҶ Замонат иқдоми ташкили “Мактаби Агромашваратчиёни Ҷавон”-ро дар чорчӯбаи лоиҳаи “Донишгоҳи Ихтиёриён” (Институт Волонтерство) амалӣ менамояд. Дар ин ҷода тавассути системаи махсуси интихоби довталабон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгощи Аграрии Тоҷикистон ихтиёриён интихоб гардиданд.
Барои омӯзиши онҳо барномаи силсилаи тренингҳо тартиб дода шуд, ки мавзӯҳои асосиашон инҳоянд:
- Асосҳои машварати кишоварзӣ
- Фаъолияти соҳибкориро дар бахши машваратдиҳӣ чӣ гуна бояд оғоз кард?
- Усулҳои омӯзиши калонсолон
- Омӯзиши бозор ва сегментатсияи он
- Фурӯши хизматрасониҳои машваратӣ:Нархгузорӣ, шартномабандӣ, пешбурди хизматрасонӣ
- Малакаи муаррифӣ (эффективное презентатсия)
- Тартиб додани номгӯи хизматрасониҳои машваратӣ дар бахши кишоварзӣ
Феълан қисми зиёди омӯзишҳо гузаронида шуданд. Ба ғайр аз ин, бо агромашваратчиён ҷавон корҳои амалӣ низ бурда истодаем. Онҳоро мувофиқи имконият ба хоҷагиҳо ҳамроҳи худ барои машваратдиҳӣ мегирем, то ки онҳо бевосита раванди машваратдиҳӣ ва методикаи кор бо мизоҷонро дар амал омӯзанд.
Дар назар аст, ки аз ҳисоби фаъолони “Мактаби Агромашваратчиёни Ҷавон” сафи мутахассисони ТҶ Замонат пурра карда шавад.
Боз чунин нуқтаро қайд карданием, ки агар дар самти агромашварат ин ҷавонон соҳибкории худро оғоз кардани бошанд, Мутахассисони ТҶ Замонат роҳбаладии онҳоро таъмин намуда ба рушди тиҷораташон мусоидат менамоянд.