Чорабиниҳои офлайн ҳануз ҳам хатари баланди паҳн кардани COVID-19-ро доранд ва ҳар гуна тасмим ҷиҳати гузаронидани чорабинии оммавӣ дар даврони пандемия, новобаста аз ҳаҷму фарогирии он бояд бо риояи талаботи бехатарӣ амали карда шавад. Бо дарназардошти он, ки аксари вазифаҳое, ки TRIGGER II-Бахши IV “Пешбурди стартапҳо” дар назди худ гузоштааст, чорабиниҳои оммавӣ мебошанд, татбиқи фаъолиятҳо бо сабаби воқеиятҳои имрӯзаи пандемияи COVID-19 хело душвор буд. Чун тамоми ҷаҳон, барномаи TRIGGER II- Бахши IV “Пешбурди стартапҳо” низ фаъолияти худро мутобиқ карда, чорабиниҳои старт-апро дар формати онлайн ташкил намуд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, барнома ба наздикӣ шаш чорабинии старт-апро гузаронид, ки дар он садҳо ҷавонон ва занон фаро гирифта шуданд.
Чорабиниҳо бо истифода аз платформаи ZOOM бо пахши мустақим дар сафҳаҳои Facebook бо иштироки мураббиён ва коршиносон гузаронида шуданд, ки маълумоти асосиро дар бораи дарёфти стартап идеяҳо, оғози татбиқи он ва амалӣ сохтани ин иеяҳо мубодила карданд. Мавзӯъҳое, ки дар ҷараёни ин чорабиниҳо баррасӣ шуданд, масъалаҳои зеринро дар бар мегирифтанд: чӣ гуна дар татбиқи тиҷорати шахсӣ дар шароити бӯҳронҳои ҳозира муваффақ шудан мумкин аст, хизматрасониҳои махсус барои стартапҳо, ки тавассути портали онлайнии барнома пешниҳод карда мешаванд, аз пайвастшавӣ ба барномаи E-Bootcamp ва E-Incubation чӣ фоида мегиред ва чӣ гуна дастгириро бизнес идеяҳои нав метавонанд тавассути истифодаи хизматҳои инфиродии тренерӣ ба даст оранд.
Чорабиние, ки бо шумораи бештари иштирокчиён баргузор гардид, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки дар он 110 нафар тавассути барномаи компбтерии ZOOM, 389 нафар тавассути саҳифаи Facebook ва 1166 нафар видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо тамошо карданд.
Ҳар як чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии менеҷери TRIGGER II- Бахши IV “Пешбурди стартапҳо” ҷаноби Вулф Горетский оғоз меёфт. Роҳбари дастаи PEM Consult ва Стартапҳои тоҷикӣ Юрген Буркс шарҳи мухтасари Tajik-Startup – ташаббуси стартап барои Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Иштирокчиён, инчунин, дар бораи мавзӯъҳои зерин, ки Лена Зисанч, CEFE International аз номи Tajik-Startup пешниҳод кард, шинос шуданд:
- E-Bootcamps – Омӯзиши шадиди онлайн барои стартапҳо;
- E-Incubation – Омӯзиши пешрафтаи онлайн барои стартапҳо ва корхонаҳои хурду миёна;
- Таълим / мураббигии инфиродӣ барои муассисони ширкат.
Сиёвуш Норов, Менеҷери рушди тиҷорати Стартапҳои тоҷикӣ, PEM Consult – бо баромади хотимавӣ оид ба ҳамроҳ шудан ба барномаи E-Bootcamps ва E-Inubation Program тавассути веб-портали www.tajik-startups.com рӯйнамоиҳоро ҷамъбаст намуд.
Пас аз рӯйнамоиҳо ҷаласаи саволу ҷавоб оғоз ёфт, ки дар он ҳозирин оид ба барномаи Стартапҳои тоҷикӣ, ҷанбаҳои дигари оғоз ва татбиқи стартап идея, ҷалби маблағ ва мутахассисони дар соҳаҳои гуногун саволҳои гуногун дода, хеле фаъолона иштирок карданд.
Мо метавонем бо итминони комил арз намоем, ки стартап чорабиниҳо муваффақона гузаронида шуданд, зеро дастрасии васеъ ва фикру ақидаи мусбати иштирокчиёнро ба даст оварданд. Шарикони барнома, ки ҳамроҳ чорабиниҳои мазкурро ташкил кардаанд, чунин пешбинӣ мекунанд, ки ин чорабиниҳо боиси пайдо шудани шумораи зиёди стартап идеяҳо хоҳанд шуд, ки метавонанд ба лоиҳаи Стартапҳои тоҷикӣ ҳамроҳ шаванд.