Хурмо яке аз меваҷоти барои саломатии инсон муфид мебошад. Меваи он ширин ва лазиз мебошад ва онро ҳамчун ғизои парҳезӣ истифода бурдан мумкин аст. Хурмо манган, оҳан, витамини С ва бета-каротин ва инчунин фитонутриҳои муҳим доранд, ки барои саломатӣ манфиати зиёд дорад. Дар солҳои охир парвариши он дар Тоҷикистон хеле вусъат ёфтаааст. Майдони умумии ин зироат дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 гектарро ташкил медиҳад. Хоку иқлими Тоҷикистон барои парвариши хурмо мусоид буда, аз ҳар гектари он то 30–35 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар Тоҷикистон асосан навъҳои японии Гошогаки, Зенҷимару (шоколадӣ) ва Хиакумӣ (Королек) парвариш карда мешаванд. Инчунин навъҳои маҳаллии “Кулчахурмо”, “Серҳосили Вахш”, “Болаззати Деҳмой” ва “Пешпази ширин” низ дар Тоҷикистон паҳн шуда истодааст.
Хурморо асосан дар намуди тару тоза истеъмол менамоянд. Инчунин дар Тоҷикистон онро дар муддати 3-4 моҳ дар яхдонҳо нигоҳ дошта, дар моҳҳои январ-феврал ба фуруш мебароранд. Муддати нигаҳдории он дар сардхона чандон дароз нест. Биноан хурморо инчунин дар аксари мамолики дунё ба тарзи хунккунии таъҷилӣ (шоковая заморозка) низ нигоҳ дошта, дар супермаркетҳо ба фуруш мебароранд. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон хушконидани он низ ба роҳ монда шудааст. Одамон аксар вақт хушк кардани хурморо интихоб мекунанд, зеро дар ҳарорати хонагӣ ҳангоми дуруст нигоҳ доштан онҳо муҳлати нигаҳдории он аз шаш то дувоздаҳ моҳ давом мекунанд.
Дар зер усулҳои хушконидани хурмо дар хона ва нигоҳ доштани хурмои хушк барои истифодаи минбаъда оварда шудааст.
Хурморо чӣ тавр хушконидан мумкин аст?
Ду усули асосии хушконидани хурмо мавҷуд аст:
– мо метавонем онҳоро бурида, дар дегидратор ё дастгоҳҳои мевахушккунии барқӣ ҷойгир кунем,
-ва мо метавонем онҳоро се-чор ҳафта дар офтоб хушк кунем.
Хурморо барои хушконидан чӣ гуна бояд омода кард?
Қадами аввалини тайёр кардани хурмо ба хушккунӣ меваро бодиққат шустан аст. Онро бояд дар зери оби хунуки равон нигоҳ бояд дошт ва азгарду чанг пок намуд. Боварӣ ҳосил кардан хеле муҳим аст, ки онҳо тоза бошанд, зеро ҳама гуна олудагиҳо метавонанд бо мева хушк шаванд ва ба сифату маззаи он таъсири манфӣ расонанд.
Хушконидани хурмо дар дастгоҳҳои мевахушкунӣ
Пас аз шустани хурмо, онро ба тахта гузоред ва думчаи меваро тоза кунед. Шумо бояд ҳамаи дилаки сафедро тоза кунед, зеро пас аз хушк шудани хурмо, сифати онро мекоҳанад. Дар хотир доред, ки андозаи хурмо ҳангоми хушк кардани буридаҳо коҳиш меёбад, бинобар ин ниҳоят хурд буридан мумкин нест. Пӯст хурморо тоза кардан кардан шарт нест, аммо шумо метавонед ҳар гуна пӯсти рангаш тагирёфтаро барида гиред.
– Пас аз баровардани думчаи мева, шумо метавонед хурморо ба 0,7 см то 1,4 сантиметр буред, тақрибан ба андозае, ки помидорро мебуранд. Одатан бояд ҳашт ё даҳ бурида ҳосил мешавад.
– Хурмо ҳоло ба хушконидан омода аст. Буридаҳоро мустақиман ба табақаҳои дастгоҳи мевахушккунӣ ҷойгир кунед ва онҳоро аз якдигар ҷудо кунед. Шумо метавонед дегидраторро аз 45 ° C то 65 ° C даргиронед. Ба шумо лозим аст, ки хурморо на камтар аз 20 соат бидуни танаффус хушк кунед.
Хурморо пас аз 20 соат санҷед. Шумо бояд диққат диҳед, ки онҳо ранги зарди сурх-сурхи торик ва сатҳи чиндор доранд. Он бояд мулоим, часпанда ва ширадор бошанд. Агар онҳо ҳанӯз омода набошанд, шумо метавонед онҳоро як-ду соати дигар гузоред ва вақте ки мувофиқат мекунанд, берун кунед.
Хушк кардани хурмо дар тафдон
Агар шумо дастгоҳи мевахушккунӣ надошта бошед, шумо метавонед хурморо дар тафдон (духовка) т хушк кунед, аммо дар ин ҳолат қисман мазза ва таркиби хурмои хушк тағир меёбад.
– Думчаи меваро бурида гиред.
– Хурморо буред.
– Тафдонро то 75 ° C гарм кунед
– Буридаи хурморо ба руи коғази махсуси қабатҳои тафдон ҷойгир кунед
– Хурморо дар тафдон 5-6 соат хушк кунед, то хушк шуданаш якчанд маротиба руйгардон кунед.
– Барои беҳтар гардиши ҳаво шумо бояд даричаи тафдонро кушода нигоҳ доред.
Шумо метавонед ин равандро тавассути баланд бардоштани ҳарорати танӯр ба 120 ° C ва хушк кардани хурмо дар давоми 2 соат суръат бахшед. Хурморо пас аз ҳар ним соат санҷед. Хатари он аст, ки хурморо ба ҷои хушк кардан месӯзонед.
Таҷҳизоти хурд барои тоза кардан, буридан ва бастабандӣ кардани хурмо метавонад барои афзоиши миқдори маҳсулот ва оғози тиҷорат истифода шавад. Дар зер намунаҳои якчанд таҷҳизотҳо оварда шудаанд.
DARIBO насли 4-ум таҷҳизоти тоза намудани меваҳо доираи васеи барномаҳо дорад. Онро барои пӯст кардани афлесун, хурмо, себ, нок, шафтолу, киви ва дигар меваҳои мудаввар ва тухммонанд истифода бурдан мумкин аст.
Таҷҳизот барои буридани меваҳо Гамма-5А
Таҷҳизот барои бандубасти вакуумии меваи хушк Caso VC 6
Хурмои бо тарзи табиӣ хушконидашуда
Агар шумо хурморо дар офтоб хушк кунед, ба шумо хачия лозим мешавад. барои ин меваҳое заруранд, ки каме нопухта ва сахт бошанд.
– Дар ин усули хушккунӣ, думчаи меваро нигоҳ медоранд . Онҳо барои овезон кардани мева заруранд. Пӯсти хурморо тунук тоза кунед.
-Сипас, хурморо дар зери нури ғайримустақими офтоб дар хона ё дар ҷои аз гарду чанг эмин овезед. Хурмо бояд ҳар рӯз камаш чор ё панҷ соат дар зери нури ғайримустақими офтоб бошад.
– Дар чунин ҳолат аз 4 то 6 ҳафта зарур аст. . Шумо метавонед онҳоро як чанд маротиба каме фишор диҳед , то намӣ ва қанд берун карда шаванд. Пас аз 4-5 ҳафта , хурмо пажмурда шуда, тақрибан нисфи андозаи худро коҳиш медиҳанд.
Хурморо аз ресмон берун карда дар болои коғази тоза болояшро бо матоъи тоза пушонед ва ба муддати як ҳафта гузоред. Ин имкон медиҳад, ки қабати қанд меваҳоро пӯшонад.
Бояд қайд кард, ки дар мавсими ғунучини ҳосил нархи хурмо дар Тоҷикистон хеле паст аст (дар ҳудуди 0,7-1,0 сомонӣ, яъне 0,06-0,09 доллари ИМА). Ва яке аз деҳқонон гуфт, ки хурмои хушкро аз 25 то 35 сомонӣ (2,3-3,1 доллар) фурӯхтанд. Агар ҳисоб кунем, ки аз 4 кг хурмои тару тоза 1 кг хурмои хушк ба даст оварда мешавад, пас фарқ аз ҳар кило 25/4 = 8,25 сомониро ташкил медиҳад. Ин маҳсулот инчунин иқтидори хуби содиротӣ дорад.