Лоиҳаи «Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) II – Бахши IV бо номи “Пешбурди стартапҳо ва рушди соҳибкорӣ”, ки аз ҷониби BMZ маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи GIZ тавассути консорсиуми PEM CONSULT/ICON/CEFE Intl амалӣ карда мешавад, ба таҳкими устувории иқтисодии микро, хурд ва миёна- равона шудааст. Аз моҳи август сар карда, ин лоиҳа ба татбиқи як барномаи инкубатсионӣ шурӯъ кард, ки ба стартапҳои ҷавон дар оғоз намудани тиҷорат аз идея то фурӯши аввалин кумак мерасонад. Ин барномаи инкубатсионӣ аз ҷониби шарики Лоиҳаи TRIGGER II – дастаи Мактаби тиҷоратӣ гузаронида мешавад. Зимни мусоҳиба директори мактаб Ҷаҳонгир Раҷабов ба мо дар бораи барномаи инкубатсия ва фоидаи он барои иштирокчиён нақл кард..
Лутфан, ба мо бигӯед, ки пеш аз барномаи инкубатсия чӣ фаъолиятҳо иҷро гардид?
Барномаи Tajik StartUps, ки аз ҷониби TRIGGER II амалӣ мешавад, моҳи март роҳандозӣ шуда, мо онро аз тренингҳои онлайнӣ барои ҷавононе, ки мехоҳанд ба соҳибкорӣ машғул шаванд, оғоз кардем. Сипас, 20 нафареро, ки дар Boot Camp ё худ лагерҳо барои стартап иштирок доштанд, интихоб кардем. Boot Campҳо дар тӯли се рӯз берун аз шаҳр баргузор шуданд, ки баъди анҷоми он мо ба барномаи инкубатсияи мазкур оғоз бахшидем.
Шумо ба иштирокчиёни барномаи инкубатсия кадом мавзӯъҳоро пешкаш хоҳед кард?
Моҳияти тамоми барнома дар чист – он дар асоси модулҳои омӯзишии CEFE Intl таҳия шудаанд. Чаро ин барнома барои ман ҷолиб аст? Ин методологияи таълим ва расонидани иттилоот аз дигар усулҳо куллан фарқ мекунад. Чаро?
Зеро мо худи иштирокчиёнро водор месозем, то фикр кунанд.
Тафовути асосии методологияи CEFE Intl аз дигар барномаҳо дар он аст, ки тавассути ин усул мо иттилоотро ба таври дигар интиқол медиҳем, яъне мо маълумотро ба иштирокчӣ тавассути ҳолатҳои гуногун, бозиҳои омӯзишӣ мерасонем, то худи иштирокчӣ маълумотро ҷамъбаст ва қабул кунад. Чӣ тавр? Мо лексия намехонем, тренингҳои оддӣ намегузаронем, балки мо ба иштирокчиён ҳолатеро пешниҳод мекунем, ягон вазъиятро медиҳем, проблемаро пеш мегузорем, то иштирокчиён онро ҳал кунанд.
Барномаи инкубатсия се моҳ давом мекунад. Дар моҳи аввал тренингҳо дар асоси шаш модули асосӣ гузаронида мешаванд:
- Асосҳои соҳибкорӣ
- Эҷодкорӣ
- Моделсозии тиҷорат
- Маркетинг
- Молия
- Питч ва чӣ гуна нақшаи тиҷоратии худро ҳифз/муаррифӣ кард.
Шумо барои бомуваффақият роҳандозӣ кардани стартап идея чӣ гуна усулро тавсия медиҳед?
Ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки аз оғоз кардан наҳаросед. Ҳатто агар шурӯъ кунед ва ноком шавед, ин ҳам хуб аст, зеро шумо таҷрибаи муайяне хоҳед дошт, ки пас аз он рӯйхати сабақҳои омӯхтаро дар даст мегиред ва метавонед аз нав оғоз кунед. Агар аз оғоз кардан тарсед, дар як нуқта истода, ба ягон чиз ноил намешавед. Чизи асосӣ оғози кор аст ва шумо муваффақ хоҳед шуд, шояд на бори аввал, шояд бори дуюм ва ё бори сеюм, аммо албатта муваффақ хоҳед шуд.
Ба иштирокчиёни барномаи инкубатсия чӣ маслиҳат медиҳед, ба чӣ диққат диҳанд ва аз чӣ худдорӣ намоянд?
Чизи асосие, ки бояд ба он диққат дод – ин тафсилот ё худ ҷузъиёт аст. Яъне, тамоми методология, ҳамаи мундариҷа тавре таҳия шудааст ва ба он равона гардидааст, ки худи иштирокчӣ моҳияти мавзӯъро дарк кунад.
Пас аз анҷоми тренинг, менторҳо ба иштирокчиён дастгирии менторӣ пешниҳод мекунанд. Стартапҳо метавонанд дар бораи лоиҳаҳои тиҷории худ, идея ва оғози тиҷорати худ маслиҳат гиранд.
Иштирокчиёни мо саёҳаташонро барои расидан ба орзуи худ оғоз кардаанд ва мо ба онҳо дар ин кор барор мехоҳем.