Модулҳои навбатии барномаи мазкур боз ҳам ҷолиб ва иттилоотӣ хоҳад буд.
- Шумо аз ин барномаи омузишӣ чӣ иттилооти нав омӯхтед?
Шорахматова Шахноза: Ман бисёр маълумоти навро дар бораи пешбарии фаъолияти тиҷоратӣ, ки қаблан намедонистам, омӯхтам. Ҳама маълумот ба таври хеле ҷолиб – бо истифода аз машқҳо ва бозиҳои гуногун пешкаш карда шуд.
Aлишер Авезов: Тренерон моро бо усулҳои аврупоии пешбарии фаъолияти тиҷоратӣ шинос карданд, ки хеле иттилооти ҷолиб буд, мо барои худ бисёр маълумоти нав омӯхтем. Азбаски мо соҳибкорони навкор ҳастем, мо бо усулҳои тиҷорати Ғарб чандон ошно нестем ва тренерон ба мо дар ин бора маълумот доданд, тарзи кор карданро омӯзониданд, барои ҳолатҳои муваффақ ва нокомӣ моро омода мекунанд.
Aзиз Имамов: Маълумоти муфид барои ман маҷмӯи таҳлилҳо буд, ман фикр мекунам ин дониш дар ҳама гуна тиҷорат муфид хоҳад буд, ҳатто на танҳо дар тиҷорат. Яке аз дарсҳои муфид барои ман таҳлили иттилоот буд.
- Кадом лаҳза/ машғулият/ вазифаи додаи тренерон ба шумо бештар писанд омад?
Шорахматова Шахноза: Ҳама машқҳо ва супоришҳо ҷолиб ва муҳимташ он аст, ких еле хотирмон буданд..
Aлишер Авезов: Бозиҳои мантиқӣ, ки аз рӯи модули аввал гузаронида шуданд, хеле ҷолиб буданд. Онҳо майна ва ақлро тармим мекунанд, ҳамаи иштирокчиён дар ин машқҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Aзиз Имамов: Ман бештар аз ҳама машқҳоро дар ёд дорам, дар онҳо тамоми дастаи мо кӯшиш мекард, ки бо тиҷорат машғул шавад. Мо бозӣ кардем ва вазифаи мо зинда мондан буд, то дар ин бозӣ ҳеҷ кас талаф наёбад.
- Ба андешаи шумо, муфидтарин қисми барнома, ки онро метаводед дар амал татбиқ кунед / барои амалӣ кардани ғояи худ истифода кунед, кадом буд?
Шорахматова Шахноза: Мо танҳо модули аввалинро ба итмом расонидем ва дар пеш омухтани шаш модули дигар дар назар аст. Аз ҳама муфид барои ҳар як стартап таҳлили ҳисоботӣ аст, ки ин мавзуъро мо аз модули аввал хеле хуб аз худ кардаем. Ман фикр мекунам, ки дониш ва малакаҳои бадастовардашуда бешубҳа дар оғоз ва пешбурди фаъолияти тиҷоратии ман муфид хоҳанд буд. Ният дорам як равзанаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис диҳам.
Aлишер Авезов: The exercise Машқи “Будан ё набудан”, ки дар он мо нақшаи рафъи мушкилотро омӯхтем хеле муфид буд. Мо, соҳибкорони тоҷик, дар бораи мушкилоти глобалӣ маълумоти кофӣ надорем ва тренерон ба мо дар амал чӣ гуна ҳалли мушкилот ва аз куҷо оғоз карданро нишон доданд. Ҳалли мушкилот аз ҳашт нукта иборат аст ва аз куҷо оғоз карданро нишон медиҳад. Ман фикр мекунам, ки ҳар як соҳибкор бояд ин схемаро донад ва онро дар амал татбиқ намояд. Нақша аз шиносоӣ бо мушкилот, санҷидани он дар тарозуи тарафҳои мусбату манфӣ, дарёфти ҳама чораҳои имконпазир барои ҳалли мушкилот, таҳлили захираҳои мавҷуда ва танҳо баъд аз он ҳал кардани он, хоҳ ба тарзи мусбат бошад, хоҳ ба тарзи манфӣ ва ин маънои онро дорад, ки шумо бояд аз нав корро дубора оғоз кунед. Маҳз ин модул барои ман – ҳамчун соҳибкор хеле муфид буд, зеро ҳар рӯз дар кори худ бо мушкилоте дучор меоям, ки бояд сари вақт ва босамар ҳал карда шаванд.
Aзиз Имамов: Ман бештар аз ҳама машқеро дар ёд дорам, ки дар он тамоми дастаи мо кӯшиш мекард, ки фаъолияти тиҷоратиро пеш бурда, ҳамзамон зинда монад.
- Аз ҳама хотирмон чӣ буд?
Шорахимова Шахноза: Мо танҳо модули аввалинро ба итмом расонидем ва дар пеш омухтани шаш модули дигар дар назар аст. Аз ҳама муфид барои ҳар як стартап таҳлили ҳисоботӣ аст, ки ин мавзуъро мо аз модули аввал хеле хуб аз худ кардаем. Ман фикр мекунам, ки дониш ва малакаҳои бадастовардашуда бешубҳа дар оғоз ва пешбурди фаъолияти тиҷоратии ман муфид хоҳанд буд. Ният дорам як равзанаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис диҳам.
Aлишер Aвезов: Тренерони мо аз ҳама хотирмон буданд, ҳама чизеро, ки мо нафаҳмидем, мекӯшиданд бо забони содда шарҳ диҳанд. Одатан, хонандагон аксарияти маълумоти пешниҳодкардаи муаллимро намефаҳманд, аммо тренерони мо агар чунин ҳолатро пайхас баранд, албатта бо мисолҳои маъмул ва бо забони содда онро шарҳ медиҳанд, то ки иштироккунанда мавзӯъро аз худ кунад. Ин усули дарсдиҳӣ моро хеле шод гардонд.
Aзиз Имамов: Қариб тамоми барномаро дар ёд дорам, ки онро бо сухан гуфтан вақти зиёде лозим аст. Барои ман ҳамаи барнома ҷолиб буд, ман ҳамаи маълумотро дар ёд дорам.
- Агар имкон диҳанд, Шумо дар барнома чиро тағйир / такмил медиҳед?
Шорахматова Шахноза: Ман тавсия медиҳам, ки шумораи чунин барномаҳо барои ҷавонон зиёд карда шавад.
Aлишер Авезов: Ман маслиҳат медиҳам, ки барои ҷалби боз ҳам бештари соҳибкорон чунин чорабиниҳо бештар ташкил карда шавад. Одамон дар бораи ин барнома маълумот надоранд. Ман мехоҳам дар ин барнома соҳибкоронеро бинам, ки мехоҳанд тиҷорати худро оғоз кунанд. Чунин барномаҳо соҳибкоронро таълим медиҳанд, донишу малакаи онҳоро такмил медиҳанд ва сифати пешбурди тиҷоратро беҳтар мекунанд. Агар соҳибкор дар бораи душвориҳо ё мушкилоти пешбурди тиҷорат маълумот дошта бошад, он гоҳ стартапҳои муваффақ бештар хоҳанд шуд.
Aзиз Имамов: Ман аввал мехостам дар бораи стартапҳои ҳар як соҳибкори ҷавон маълумот дошта бошам ва ба онҳо дар ҳар коре, ки метавонам, масалан, бо маслиҳат кумак кунам. Агар касе аллакай тиҷорати хурд оғоз карда бошад ва мехоҳад пули бештар ба даст орад, мо метавонем аксия ё чизе монанди инро ташкил кунем. Умуман, ҳамааш хуб аст, ба ман хеле писанд омад.