Дар агробизнеси имрӯз, хусусан дар бахши растанипарварӣ яке аз омилҳои асосии ҳосилнокии баланд ин таъмини саривақтӣ ва мунтазами намнокии хок мебошад.
Айнан худи ҳамин вазифаро системаи обёрии қатрагӣ (СОҚ) иҷро мекунад.
Аҳамияти системаи обёрии қатрагӣ ва самаранокии истифодабарии он Кори система содда ва ҳамзамон оқилона аст:
Таввасути сӯрохиҳои махсуси қубурҳо ва ё лентаҳои обёрӣ об ба миқдори зарури бе иштироки шахс ба фазои назди решагии растанӣ расонида мешавад.
Система ҳамзамон якчанд вазифаҳоро иҷро мекунад:
1. Обро сарфа мекунад;
2. Обро мустақиман ба фазои наздирешагӣ мерасонад;
3. Намнокии оптималии хокро таъмин мекунад;
4. Ба шусташавии қабати ҳосилхези хок роҳ намедиҳад;
5. Заҳида рафтани об ва маҳлулҳои нуридорро коҳиш медиҳад;
6. Ҳосилнокиро баланд мегардонад;
7. Ба шарофати обдиҳии мавзеъӣ (фақат атрофи растанӣ обёри карда мешавад) алафҳои бегона кам мегарданд.
8. Барои афзоишашон об ками мекунад.
Истифодабарии системаи обёрии қатрагӣ дар мавриди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ афзалиятҳои зиёд дорад: обро хеле сарфа мекунад, ҳосилнокиро баланд мегардонад, сифати маҳсулотро беҳтар мекунад, нуриҳои минералиро сарфа мекунад, сохтори қабати ҳосилхези хокро хуб мекунад ва ба таъмини намнокии оптималӣ мусоидат мекунад.
Асосан бо назардошти сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ ду намуди системаи обёрии қатрагиро истифода мебаранд: Системаи обёрии қатрагӣ барои боғҳо ва системаи обёрии қатрагӣ барои полезҳо.
Системаи обёрии қатрагии барои боғҳои мевадор истифодашаванда.
Унсури асосии фарқкунандаи системаи обёрии қатрагӣ барои боғҳои мевадиҳанда ин истифодабароии қубурҳои полиэтиленӣ ва эмиттерҳо мебошад. Қатраҳои об таввасути эмиттерҳои ба қубурҳо дар масофаҳои муайян насбшуда ба дарахтон дода мешавад. Ҳар як эмиттер метавонад аз 2 то 16 литр об дар соат диҳад. Эмиттерҳоро аз рӯи қобилияти обдиҳиашон вобаста ба нақшаи кишти дарахтон, навъи дарахт, структураи хок, синну соли дарахт ва бо назардошти дигар омилҳо интихоб мекунанд.
Обёрии қатрагӣ барои сабзавотпарварӣ.
Унсури асосии фарқкунандаи системаи обёрии қатрагӣ барои кишти сабзавотҳо ин истифодабарии тасмаҳои қатрадиҳанда мебошад.Ин тасмаҳоро инчунин тасмаҳои эмиттердор низ меноманд. Эмиттерҳо дар тасмаҳо дар масофаҳои гуногун ҷойгир буда масофаашон аз 10 то 40 см-ро ташкил мекунанд. Масофаи байни эмиттерҳоро вобаста ба зироат, структураи хок ва нақшаи кишт интихоб мекунанд. Масофаи байни эмиттерҳо дар тасмаҳои эмиттердор вобаста ба зироат:
Барои пиёз, сирпиёз, малина ва дигар зироатҳое, ки нисбатан зич шинонида мешаванд масофаи эмиттерҳои тасмаро 10,05,20 см интихоб мекуанд.
Барои картошка, каламфури булғорӣ, бодиринг, қулфнай ва дигар ироатҳое, ки дар масофаҳои миёна шинонида мешавад масофаи эмиттерҳои тасмаро 30 см интихоб мекуанд.
Барои тарбуз, харбуза ва дигар зироатҳо, дар масофаҳои дуртар кишт мешаванд масофаи эмиттерҳоро 40 см интихоб мекуанд.
Тасмаҳои эмиттердор низ қобилияти обдиҳиашон гуногун мебошад: масалан аз 0,6 литр /соат то 3,8 литр/соат.
Проблемаҳои истифодабарии Системаи обёрии қатрагӣ.
Дар давоми истифодабарии ситемаи обёрии қатрагӣ ба чунин қазияҳо рӯ ба рӯ шудан мумкин аст: бандшавии эмиттерҳо ва корношоямии филтирҳо. Ин қазияҳо вобаста аз сифати об ва нодуруст интихоб намудани филтрҳо ба вуқӯъ меоянд.
Хонандагони гиромӣ агар оиди тадбиқи системаи обёрии қатрагӣ ва ё таҳррезии он, ва инчунин оиди маълумот дар бораи таъминкунандагони ҷузҳои ҷудогонаи системаю таҷҳизотҳои вобаста, таъмин кунандагони хизматрасониҳо оиди васлу насби система ба коршиносони лоиҳаи Стартап – Тоҷикистон муроҷиат намоед. Коршиносони мо тавсияҳои мувофиқ ва ё ба саволҳоятон ҷавобҳои қонеъкунанда медиҳанд.
Коршинос оид ба рушди агробизнес – Наимҷон Асроров.
Телефон барои тамос: +992 98 8438367.