Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо.
Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо, дар муқоиса бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони кушод, дар хусусияти пешбурди тиҷорат тафовути ҷиддӣ дорад. Дар он технологияҳои махсуси кишоварзӣ, системаи обёрии қатрагӣ ва тухмиҳои махсус истифода мешаванд. Истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо қариб дар ҳама минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд мекунад: дар Суғд, Хатлон ва дар қисмати водигии Ноҳияҳои Тобеи Марказ.
Солҳои охир деҳқонони тоҷик ба истеҳсоли сабзавот дар шароити гармхонаҳо фаъолона маш-уланд. Асосан деҳқонон помидор ва бодиринг парвариш мекунанд, ки нисбатан даромадноканд. Ва инчунин солҳои охир сатҳи майдони гармхонаҳо афзоиш ёфт, ки ин ба зиёдшавии сармоягузорӣ ба ин намуд тиҷорат алоқаманд аст.
Дар тӯли чанд соли охир, нархи помидору бодиринге, ки дар шароити гармхонаҳо истеҳсол мешавад, боло меравад. Гармхонаҳои мавҷуда талаботи бозорро пурра қонеъ карда наметавонанд. Дар мавсими зимистон қисми зиёди маҳсулот ҳоло ҳам аз кишварҳои ҳамсоя: Покистон ва Узбакистон ворид карда мешавад. Сохтмони гармхонаҳои нав барои қонеъ кардани талаботи мавҷуда бозор ба помидор мусоидат намуда, инчунин барои кишоварзон имкониятҳои иловагии соҳиб шуда ба даромадро фароҳам меорад.
Таҷрибаҳои мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон асосан аз намудҳои зерини гармхонаҳо истифода мебаранд: вобаста ба минтақа,”Хандақӣ”, “Хитоӣ” (тибетӣ) ва Голландӣ. Сохтмони гармхонаҳо нисбатан хароҷоти калон талаб намуда арзиши он аз масоҳати гармхона ва технологияҳои истифодашуда вобаста аст. Масалан, агар шумо як гармхонаи типи Ҳолландӣ (нақбии рӯизаминӣ) бо масоҳати 210 м2 созед, пас хароҷоти сармоягузорӣ тақрибан 34 000 сомониро ташкил медиҳад ва агар гармхонаҳои чунин масоҳат доштаи (210 м2) Голандӣ “ё” тибетӣ ” бунёд кунанд, пас хароҷоти сармоягузорӣ тақрибан 50 000 сомониро ташкил медиҳад.
Мавсими ҷамъоварии маҳссулот дар гармхонаҳо аз моҳи ноябр оғоз шуда то моҳи май давом мекунад. Тиҷорат аз сабаби баланд будани нархи помидор ва бодиринг дар ин давра хеле даромаднок аст.
Фермерон / стартапон, ки ният дорад фаъолияти соҳибкориашонро дар сатмти истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаҳо оғоз кунанд, бояд хароҷотҳои зеринро дар назар дошта бошад:
1. Хароҷотҳо барои бунёди гармхона;
2. Таъмири ҳарсолаи пленкаи болопӯшшуда ва ё ивази он;
3. Дар 3-4 сол як маротиба ивази системаи обёрии қатрагӣ;
4. Хариди тухмӣ ва ё кӯчатҳо;
5. Нуриҳо;
6. Хароҷотҳо вобаста ба ҳимояи растанӣ аз ҳашаротҳо ва касалиҳо
7. Хароҷотҳои гармидиҳӣ (дар ҳолати зарурӣ);
8. Хароҷотҳо вобаста ба парвариши растанӣ;
9. Хароҷотҳои нақлиётӣ
10. Хароҷотҳои нақлиётӣ;
11. Ва ғайра
Тамоюлҳои бозор
Маҳсулоти гармхонаӣ дар бозори дохилӣ тавассути фермерон ва соҳибкорони чаканафурӯш фурӯхта мешаванд ва дар бозорҳои беруна тавассути яклухтфурӯшон / содиркунандагон фурӯхта мешаванд. Нархи баланди помидору бодиринг дар мавсими зимистона барои деҳқонон даромаднокии хуб фароҳам меорад. Таҳлили нархҳо нишон медиҳад, ки нарх дар зимистон баъзан нисбати нархи мавсими тобистон 10-15 маротиба баландтар аст. Дар зер ҷадвали нархҳои бодиринг ва помидор дар бозорҳои чаканаи шаҳри Душанбе меорем.
Opportunities for startups
Тоҷикистон барои ташкили тиҷорати гармхонаӣ як қатор афзалиятҳо дорад, аз ҷумла ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, хоки ҳосилхез, малакаҳои хуби деҳқонон, шароити иқлим ва бозори босуръат рушдёбанда. Агробизнесменҳои тоҷик метавонанд бо истифода аз бартариҳои рақобатпазири худ истифода бурда маҳсулоташонро ба бозорҳои беруна содир кунанд. Истеҳсол ва фурӯши помидор ба бозорҳои дохиливу берунӣ барои фермерони тоҷик яке аз самтҳои ҷолиби даромадноки агробизнеси муосир мебошад.