Дар бораи худ ва ширкати PEM Consult каме маълумот диҳед?
Номи ман Ҳаннинг Бунгард аст, ман олмонӣ ҳастам ва дар шаҳри Мюних, таваллуд шудаам, дар Гамбург дар ихтисоси иқтисод (экономика) таҳсил кардаам. Тӯли 25 сол, ман дар ширкати PEM Consult фаолият мекунам. Дар ибтидо ҳамчун менеҷери лоиҳа ва дар тули 12 соли охир – ҳамчун директори иҷрои ва шарик кор мекунам. Ширакати PEM Consult 45 сол пеш таъсис дода шуда, мақсади он дастгирии ва рӯшдӣ корхонаҳои (ширкатҳои) хусусӣ дар саросари ҷаҳон аст. Ин фаолиятҳо дар чорчубаи ҳамкории рушди Олмон ва Аврупо мебошад.
2. Ширкати PEM Consult стартапҳоро дар Тоҷикистон чӣ гуна дастгирӣ мекунад?
Мо аз ҷониби созмани GIZ дар чорчубаи барномаи бузурге, ки онҳо доранд танҳо барои амалӣ кардан як ҷузъ (бахши) он ки, пешбурди стартапҳо дар Тоҷикистон ном дорад, грант гирифтем. Мо бо ҳамроҳи шарикони олмонии худ дар тавонмандсозии ҷавонон ҷиҳати амалисозии идеяҳои тиҷоратӣ худ таҷрибаи калон дорем. Дар аввал, мо дар байни ҷавонон, донишҷӯён ва шахсоне, ки идеяҳои нави тиҷоратӣ доранд, эълон менамоем, ки чунин барномаи мавҷуд аст ва онҳо метавонанд бо мо ҳамроҳ гарданд. Сипас, мо идеяҳои тиҷорати (соҳибкорӣ)-ро аз байни онҳои, ки идеяҳояшонро ба мо пешниҳод мекунанд ҷамъ меорем ва онҳо дар як лагери серӯза якҷоя бо шарикони рушди дар Тоҷикистон баррасӣ мекунем. Аз байни тақрибан 400 нафар иштирокчии дар лагерҳои, ки мо бо шарикони рушд амалӣ намудем, 100 нафарро барои иштирок дар барномаи давраҳои (инкубатсионии) рушдӣ семоҳа интихоб намудем. Дар давоми 3 моҳ ҳар як иштирокчӣ идеяҳои худро мукамал менамояд. иштирокчиён нақшаи тиҷоратиашро дар якҷоягӣ бо мутахассисони мо ба таврӣ инфиродӣ таҳия ва тақвият бахшида, ва бо омӯзишҳои кутоҳмуддат (фишурда) дастгирии меёбад.
3. Лутфан, дар бораи сафари худ ба минтақаҳо нақл кунед.
Пеш аз ҳама бояд зикр намуд, ки дидани на танҳо Душанбе ва Хуҷанд, балки дигар минтақаҳои Тоҷикистон бароям бисёр хуб буд. Ман дар водии Зарафшон ва водии Рашт будам – аз ин сафар хеле лаззат бурдам ва бо мардуми он ҷо суҳбатҳои самимие доштам. Онҳо одамони хеле содиқ ва меҳнатдӯст мебошанд ва мехоҳанд оила ва ҷомеаи худро бо меҳнати худ ба пеш баранд. Ман фикр мекунам бо ҳимоят аз онҳо ба шиваи мутафовит (дигар), аммо мутаносиб (муносиб) бо муҳити атрофи онҳо дар водии зарафшон ва водии рашт метавонем ба таври хосс ба тавсиъаи (пешравӣ) ин минтақаҳо саҳми худро гузорем.
4. Барои ҳавасманд кардани стартапҳо ба онҳо ягон маслиҳат медодед.
- Пеш аз ҳама-ба худ боварӣ дошта бошед, ба фикри ман шумо идеяҳои хуб доред!
- Сипас, байни худ ҳамкорӣ кунед, мубодилаи фикр кунед ва аз ҳамдигар омӯзед. Андешаҳои худро махфӣ нигоҳ надоред. Бо ҳамкоронатон, дӯстони худ мубодила кунед (ба иштирок гузоред), муҳокима кунед ва сипас ҳамчун иқтисодчӣ ман маслиҳат медиҳам, ки ҳисобу китоби дақиқ кунед.
- Фикр накунед, ки ҳама чиз хеле хуб пешмеравад (ба анҷом мерасад), ҳисоби (муҳосибаи) хеле дақиқ ва амиқ (муҳофиза корона) кунед, худро ҳифз кунед ва умед дошта бошед, ки албатта муваффақ хоҳед шуд.
5. Нақшаҳои шумо барои оянда.
Пас аз бомуваффақият амалӣ шудани лагерҳо (буткемпҳо ва барномаҳои давраи рушд (инкубатсионӣ) дар Душанбе ва Хуҷанд, мо мехоҳем соҳибкорон ва стартапҳоро дар водии Зарафшон ва Раштро дастгирӣ кунем. Дар водии Зарафшон мо мехоҳем дар Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаолият намоем. Дар водии Рашт низ дар чор ноҳия фаъолият хоҳем кард. Аз ин руй (сабаб), Мо нақша дорем, ки хизматрасонии худро танзим (мутобиқ) намоем. Мехоҳем диққати худро ба коркарди маҳсулот, бастабандӣ ва таҳияи маҳсулоти кишоварзии баландсифат, хусусан дар Кӯҳистони Мастчоҳ равона созем, дар водии Рашт бошад истеҳсоли зиёдтари асалро ба роҳ монданием.