Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари агросаноатӣ аст. Дар Тоҷикистон 1,1 миллион гектар замини обӣ ва 25 миллион лалмӣ, аз ҷумла 115 ҳазор гектар боғ, 50 ҳазор гектар токзор, 10 хазор гектар дарахтони тут мавҷуд аст. Самти асосии истехсолоти хочагии кишлок дар водиҳои ҷумҳурӣ пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ буда, дар минтақаи кӯҳистон – боғдорӣ, картошкакорӣ ва чорводорӣ равнақ ёфтааст.
Хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ, ки замини корам хеле кам аст, сокинон асосан дарахтони мевадиҳанда, аз қабили чормағз, зардолу, себ ва тут парвариш мекунанд ва инчунин маҳсулоти коркарди анъанавии ин меваҳоро истеҳсол мекунанд. Дар адабиёт ва расонаҳо дар бораи себ, зардолу, чормағз маълумотҳои зиёде мавҷуданд, аммо дар бораи тут маълумот хеле кам аст.
Дар Тоҷикистон асосан меваҳои тутро ба тарзи тару тоза истифода мебаранд ва шумораи хеле ками аҳолии водии Зарафшон, Бадахшон ва минтақаи Қаротегин хушк мекунанд (тутмавиз), ширини тут (дар баъзе минтақаҳо шиннӣ мегуянд), ҳалвои тут ва талқони тутро бо тарзи анъанавӣ истеҳсол мекунанд. Тавре ки дар боло ишора рафт, дар Тоҷикистон масоҳати дарахтони тут зиёда аз 10 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Агар ба назар гирем, ки ба ҳисоби миёна аз 1 гектар дарахти тут аз 4000 то 8000 кг ҳосил гирифтан мумкин аст, маълум мешавад, ки имконият ва ҳаҷми ин маҳсулот хеле бузург аст. Инчунин, барги тут ҳамчун хӯроки кирмак истифода мешавад, ки нахи он дар саноати сабук васеъ истифода мешавад. Дар водиҳо, тут асосан дар периметри пахтазор ё дар канори роҳҳо ҳамчун шамоли бод парвариш карда мешавад. Инчунин, дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ шумораи хеле зиёди дарахтони тут мавҷуданд. Аммо дар бисёр ҷойҳо аз сабаби надонистани аҳолӣ аз технологияи хушккунӣ ва коркарди он ҳосили тут талаф меёбад. Кашондани меваи тут ба дигар минтақа ҳам хеле мушкил аст ва зуд вайрон мешавад.
Ба наздикӣ дар вебсайти FatSecret (https://www.fatsecret.ru/Default.aspx) ман маълумотро дар бораи маҳсулотҳое пайдо кардам, ки ташкилотҳои ” Pamir travel” ва “Дары Памира” аз тут истеҳсол мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин маҳсулот аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барои саломатии инсон манфиатовар мебошанд. Ин ширкатҳо аллакай мизоҷони худро дар кишварҳои дигар низ пайдо кардаанд ва ҳамасола номгӯй ва миқдори маҳсулоти истеҳсолшударо афзоиш медиҳанд. Танҳо аз тут онҳо даҳҳо намуди маҳсулот истеҳсол мекунанд, ки дар дохили Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои Аврупо фурӯхта мешаванд.
Инчунин ташкилотҳои мазкур ин маҳсулотҳоро ба тарзи зебо ороиш дода бастубанд намудудаанд, ки диққати харидорро ҷалб мекунад. Истеҳсоли чунин маҳсулот дар ҳар минтақаҳо, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, ки ба бозор дастрасӣ надоранд ва интиқоли тут ба масофаҳои дур душвор аст, хароҷоти калони молиявиро талаб намекунад, зеро тут моли зуд вайроншаванда аст ва ҳангоми интиқол, сифаташро гум мекунад. Ташкил кардани коргоҳҳои хурди хушккунӣ (тутмавиз), истеҳсоли мураббо (ширинӣ), истеҳсоли шарбат, истеҳсоли халво, истеҳсоли хока, истеҳсоли шоколадҳои гуногун тиҷоратҳои нав дар ин минтақаҳо шуда метавонанд. Дар ин сурат ҳамсояҳое, ки дарахти тут доранд, бозор ёфта меваҳои тару тозаро ба коргоҳ мефурушанд, корхона хароҷоти нақлиётӣ нахоҳад дошт ва арзиши маҳсулоти коркардшуда ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт. Дар зер мо оиди тарзҳои хушконидан ва коркарди тут дар Тоҷикистон нақл мекунем.
Маълумот оиди қувватнокӣ ва арзишҳои ғизоии маҳсулотҳои пешниҳоднамкудаи ” Pamir travel” :
Маҳсулотҳо | Намуд | Қувватнокӣ |
Тути Помир | 100 гр | 42 калл |
Тути Помир | 1 батончик (20г) | 10 калл |
Тут бо бодом аз Помир | 1 батончик (20г) | 39 калл |
Тут бо анҷир аз Помир | 100 гр | 50 калл |
Тут бо занҷабил аз Помир | 1 батончик (20г) | 16 калл |
Тут бо наъно аз Помир | 1 батончик (20г) | 11 калл |
Тут бо олуболу аз Помир | 100 гр | 50 калл |
Тут бо себ аз Помир | 1 батончик (20г) | 9 калл |
Тут бо олуболу аз Помир | 1 батончик (20г) | 10 калл |
Тут бо зардолу аз Помир | 100 гр | 47 калл |
Тут бо зардолу аз Помир | 1 батончик (20г) | 9 калл |
Тут бо бодом аз Помир | 100 гр | 198 калл |
Тут бо какао аз Помир | 1 батончик (20г) | 11 калл |
Тут бо анҷир | 1 батончик (20г) | 10 калл |
Тут бо анҷир | 100 гр | 50 калл |
Тут бо какао аз Помир | 100 гр | 55 калл |
Ҷамъоварии ҳосил ва хушконидан
Тутро ҳангоми пухта расидан тадриҷан ҷамъоварӣ кардан
лозим аст, ки он 2-3 ҳафта давом мекунад ва ба моҳҳои май-август рост меояд. Тавсия дода мешавад, ки дар рӯзи хушки офтобӣ, пас аз хушк шудани шабнам, дар зери тут чодар ё коғаз паҳн кунед ва ба шохаҳои дарахт зарба занед, меваҳои пухта меафтанд. Меваҳои афтода, аз олудагиҳо ва баргҳо ҷудо карда мешаванд. Агар лозим бошад, дар оби хунук шуста ва дар паллетҳо ё болои чодар гузоред, то намии зиёдатӣ нест шавад. Тут дар хона асосан бо усули офтобӣ хушк карда мешавад. Барои ин, меваҳо дар зери нури офтоб дар паллетҳо, рафҳо ё болои чодар гузошта мешаванд.
Вақти хушкшавии мева 1-2 ҳафта буда вобаста аз ҳарорати ҳаво ва мавсим фарқ мекунад ва аз андозаи мева вобаста аст. Ҳангоми хушк кардани меваи дар ҷойҳои нисбатан сард бо мақсади пешгирӣ аз ҷаббида шудани намии атмосферӣ шабона нигоҳ доштани он дар фазои кушод тавсия дода намешавад. Бинобар ин, пас аз ғуруби офтоб тутҳоро ба утоқи хушк бо вентилятсияи хуб меоранд ё бо плёнкаи полиэтилинию матои обногузар мепӯшонанд ва рӯзи дигар дубора ба зери нури офтоб мегузоранд. Агар бо сабаби иқлим ё шароити обу ҳаво хушк кардани тут дар ҳавои кушод ба таври табиӣ ғайриимкон бошад, пас пас аз 1-2 рӯз дар ҳаво хушк кардани
тутро дар хушккунакҳои барқӣ дар ҳарорати то 30 дараҷа хушк менамоянд.
Тарзи тайёр намудани ширинии тут
Тарзи кӯҳнаи тайёр кардани ширинии тут чунин мебошад: мева бояд комилан пухта ва ҳатто пухта гузашта бошад. Ба зери дарахт чодарро паҳн намуда меафшонанд. Мумкин аст, ки аввал афшураи меваро ҷудо намуда пас биҷушонанд. раванди тайёр намудан: Мева бишӯед. Шарбаташро ҷудо намоед. Ҷушонед. Афшураро хунук намуда аз докаи дуқабата гузаронед. Ба оташ гузоред ва то 50% ҳаҷми маҳсулот боқӣ мондан пазед. Дар зарфҳои тоза рехта дар ҷои хунук нигоҳ доред.
Агар шумо тиҷорати хушккунӣ, коркард ва бастабанди тутро оғоз кунед, шумо метавонед бо соддатарин дастгоҳҳои хушккунӣ, афшураҳо ва таҷҳизоти бастабандӣ оғоз кунед ва тадриҷан бо рушди тиҷорат технологияро ба дастгоҳҳои сермаҳсул иваз кунед.
P.S. Дар мақола тасвирҳо аз сайтҳои agronomu.com, fatsecret.ru, povar.ru, ozon.ru, picabu.ru, mariocomi.ru, dary-pamira.ru истифода шудаанд.