- Чи тавр тиҷорати маводҳои кишоварзиро бояд оғоз кард?
- Дар тиҷорати кишоварзӣ чи мушкилотҳо мавҷуд ҳастанд?
- Барои рушди тиҷорати худ чи бояд кард?
Таърихи муваффақияти як кишоварз, ки дар деҳа агромағоза кушод.
Шавкат Музаффаров пас аз хатми Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар соли 1993 дар парки мошинҳо ва трактории хоҷагии боғу токпарварии “Навобод” ба ҳайси танзимгар ба кор оғоз кард. Бо мурури замон пас аз 2-3 сол хоҷагиҳои давлатию коллективӣ дар натиҷаи таҷдиди сохтори кишоварзӣ ба садҳо хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ табдил ёфтанд ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва аз ҷумла шавкат бекор монданд. Ӯ роҳ ба суи муҳоҷирати меҳнатӣ гирифт ва чандин сол дар Федератсияи Русия дар ташкилотҳои сохтмонӣ кор кард. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Шавкат дар қитъаи замине, ки дар натиҷаи таҷдиди хоҷагӣ ҳамчун саҳм ба ӯ дода шуда буд, кор кард ва дар соли аввали фаъолияти фермерии худ ҳисоб кард, ки нисбат ба хароҷоти кардааш дар замин қариб 2 маротиба камтар даромад ба даст овардааст. Вай фаъолияти дигар хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсояро омухта, дид ки қариб ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз замин даромади ночиз мегиранд. Инчунин ҳосили бадастловардаи ҳамаи деҳқонон ба стандартҳо ҷавобгӯ набуданду намуди зоҳирию молии хуб надоштанд. Деҳқонон ҳосили меваю сабзавоти ба дастовардаашонро бо нархҳои ночиз мефурухтанд, чунки онҳо аз ҳашаротҳои зараррасон ва ва касалиҳо хеле зарар дида буданд ва андозаашон ҳам хурд буд. Шавкат бо адабиётҳои кишоварзӣ ошно гашта, сабабҳои бесифат будан ва гирифтани ҳосили ночизро ҷустуҷу кард ва ба хулосае омад, ки сабабҳои асосии гирифтани даромади кам ин риоя накардани чораҳои агротезхникӣ, истифодаи тухмиҷоти пастсифат ва маводҳои кимиёвӣ барои мубориза алайҳи ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо мебошанд. Аксари деҳқонон маводҳои зарурии кишоварзиро аз бозорҳои маҳаллӣ харидорӣ мекарданд ва ҳатто намедонистанд, ки ин кадом навъи зироат аст ва ё заҳрохимикат чи ном дораду чигуна истифода мешавад.
Дар соли оянда Шавкат ба нақша гирифт, ки 1 гектар пиёз ва 0,5 гектар помидор кишт кунад. Ба шаҳри Хуҷанд рафт ва аз агромағозаи “Меҳроҷ” тухмиҳо ва заҳрохимикатҳои заруриро харидорӣ кард. Дар ин мавсим Шавкат аз 1 гектар 100 тонна пиёз ва аз ним гектар 35 тонна помидор ба даст овард. Ҳамсоягон ба майдонҳои кишти шавкат бо ҳавас менигаристанд. Чандин хоҷагиҳои ҳамсоя аз Шавкат хоҳиш карданд, ки барои соли оянда ба онҳо низ тухмиву заҳрохимикатҳоро дастрас намояд. Шавкат ба хулоса омад, ки дар деҳа агромағоза кушояд. Бо ташкилоти “Нексигол” шартнома баст ва барои фуруш аз онҳо тухмиҷот, заҳрохимикатҳо ва дигар маводҳои зарурӣ барои соҳаи кишоварзиро барои фуруш гирифта, ба тиҷорати нав оғоз кард. Мутаносибан дар замини худаш навъҳои нави зироатҳоро санҷида, навъҳои беҳтаринро барои минтақаи Панҷакент интихоб мекард. Ҳангоми пухта расидани ҳосил дар якҷоягӣ бо ташкилоти “Нексигол” деҳқонони ҳамсояро даъват намуда, рузи кушоди саҳроӣ мегузарониданд ва дар ҷараёни он таҳлили иқтисодии истифодабарии технологияҳо ва навъҳои навро нишон медоданд. Оҳиста – оҳиста деҳқонон аз дигар деҳаҳои шаҳри Панҷакент ҳам барои харидории маводҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ба мағозаи шавкат меоманд ва шумораи муштариёнаш руз то руз меафзуд. Ҳамин тавр дар давоми 3 сол вай ба як тоҷири муваффақ табдил ёфт ва ва дар айни замон деҳқонони зиеде ва инчунин чаканафурушон аз деҳаҳои гуногун муштариёнаш мебошанду аз ӯ мавод харидорӣ мекунанд. Мо дар агромағоза ба Шавкат вохурда аз ӯ оиди чи тавр ӯ дар тиҷорати барояш нав ба чунин дастовард ноил шуд пурсон шудем.
Чи сабаб шуд ки Шумо ба ин намуди тиҷорат ру овардед?
Ман чун дигар сокинони деҳот меваю сабзавот парвариш мекардам, вале ҳосил ва даромади кам ба даст меовардам. Ҳосил бесифат мешуд ва мо наметавонитем онро бо нархи дилхоҳ фурушем ва бо нархи ночиз мефурухтем. Ман бо адабиётҳои кишоварзӣ ошно гашта, ба хулосае омадам, ки барои гирифтани ҳосили хубу хушсифат бояд тухмиҷоти хушсифат, нуриҳои комплексӣ ва заҳрохимикатҳои дорои сифати баланд истифода шаванд. Бо намояндагони ташкилоти “Нексигол” вохурдам ва аз онҳо тухмиҳои навъҳои голландии помидор ва туркии пиёзро харидам. Ҳосили рекордиро ба даст овардам.Ҳамсояҳо аз ман хоҳиш намуданд, ки ба онҳо низ чунин маводҳоро дастрас намоям Ва ман ба фикри кушодани як агромағоза афтодам.
Чи сабаб шуд ки Шумо ба ин намуди тиҷорат ру овардед?
Ман чун дигар сокинони деҳот меваю сабзавот парвариш мекардам, вале ҳосил ва даромади кам ба даст меовардам. Ҳосил бесифат мешуд ва мо наметавонитем онро бо нархи дилхоҳ фурушем ва бо нархи ночиз мефурухтем. Ман бо адабиётҳои кишоварзӣ ошно гашта, ба хулосае омадам, ки барои гирифтани ҳосили хубу хушсифат бояд тухмиҷоти хушсифат, нуриҳои комплексӣ ва заҳрохимикатҳои дорои сифати баланд истифода шаванд. Бо намояндагони ташкилоти “Нексигол” вохурдам ва аз онҳо тухмиҳои навъҳои голландии помидор ва туркии пиёзро харидам. Ҳосили рекордиро ба даст овардам.Ҳамсояҳо аз ман хоҳиш намуданд, ки ба онҳо низ чунин маводҳоро дастрас намоям Ва ман ба фикри кушодани як агромағоза афтодам.
Чи сабаб шуд, ки гарчанде дар ноҳияи Панчакент нуқтаҳои фуруши маводҳои кишоварзӣ зиёд ҳастанд, аксари деҳқонон, ҳатто аз деҳоти дурдаст тухмиҷот ва заҳрохимикатҳоро аз мағозаи Шумо харидорӣ мекунанд?
Якум, дар агромағоза ман ягон вақт маводҳои пастсифат ва ба тарзи қочоқ воридшударо намефурушам. Ҳамаи маводҳои мо дорои сертификати сифат буда, аз ҷониби ширкатҳои дар ҷаҳон машҳури «Сингента», «Дюпон», Био Заден», «Байрам», «Берекет» истеҳсол шудаанд. Дуюм, ман худам дорои саҳми замин мебошам ва пеш аз оне, ки ягон тухмии нав ё заҳрохимикатро ба деҳқонон тавсия диҳам, онро дар замини хурди хоҷагии худам санҷида мебинам. Яъне қитъаҳои хурди намоишӣ ташкил медиҳам. Танҳо он навъҳо ва заҳрохимикатҳое, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд ба деҳқонон тавсия медиҳам. Сеюм, деҳқонон ҳамасола мебинанд, ки хоҷагии деҳқонии мо, ки “Аҳмадшоҳ” ном дорад, ҳамасола ҳосилии рекордии пиёз, помидор, себ ва ҷуворимаккаро ба даст меорад ва даромади хуб мегирад. Ин як таконе барои дигарон барои харидорӣ ва истифодабарии маводҳои хушсифати истеҳсолоти кишоварзӣ мегардад. Инчунин мо натанҳо ба фуруши маводҳо, инчунин ба маслиҳатдиҳии киоварзӣ низ машғул ҳастем, чунки пас аз таҷдиди сохтори кишоварзӣ дар ноҳияҳо хизматрасонии паҳн кардани донишҳои кишоварзӣ мавҷуд нест.
Нархҳои тухмиҳо ва дигар васоити хушсифати истеҳсолоти кишоварзӣ ҳмеша нисбати он маводҳое, ки дар бозор фурухта мешаванд, қимматтар аст. Чи деҳқононро такон медиҳад, ки маводҳои хушсифатро харидорӣ намоянд, гарчи онҳо қимматтар астанд?
Дар мардуми тоҷик як мақоле ҳаст “ Арзон беиллат ва қиммат беҳиммат нест” . Вақти пухтарасидани ҳосил дар қитъаҳои намоишӣ мо деҳқононро даъват карда, ба онҳо оиди агротехникаи парвариш нақл менамоем ва инчунин таҳлили иқтисодӣ менамоем. Дар таҳлили иқтисодӣ оиди хароҷотҳои пулие, ҳангоми истифодабарии таҷрибаи пешқадам кардем ва хароҷоти пулие, ки агар таҷрибаи анъанавиро истифода мебурдем, муқоиса менамоем. Дар ҳама ҳолат маводҳои хушсифат аз ҳисобти ҳосилнокии баланд ва сифати хуб на камтар аз 50% даромади бештар медиҳанд. Инчунин мо кушиш мекунем ба деҳқонон заҳрохимикатҳоеро тавсия диҳем, ки ба муҳити атроф ва саломатии мардум таъсири манфии камтар расонанд. Яъне аксари вақт заҳрохимикатҳои синфи 3-юм ва 4-умро тавсия медиҳем.
Нархҳои тухмиҳо ва дигар васоити хушсифати истеҳсолоти кишоварзӣ ҳмеша нисбати он маводҳое, ки дар бозор фурухта мешаванд, қимматтар аст. Чи деҳқононро такон медиҳад, ки маводҳои хушсифатро харидорӣ намоянд, гарчи онҳо қимматтар астанд?
Дар мардуми тоҷик як мақоле ҳаст “ Арзон беиллат ва қиммат беҳиммат нест” . Вақти пухтарасидани ҳосил дар қитъаҳои намоишӣ мо деҳқононро даъват карда, ба онҳо оиди агротехникаи парвариш нақл менамоем ва инчунин таҳлили иқтисодӣ менамоем. Дар таҳлили иқтисодӣ оиди хароҷотҳои пулие, ҳангоми истифодабарии таҷрибаи пешқадам кардем ва хароҷоти пулие, ки агар таҷрибаи анъанавиро истифода мебурдем, муқоиса менамоем. Дар ҳама ҳолат маводҳои хушсифат аз ҳисобти ҳосилнокии баланд ва сифати хуб на камтар аз 50% даромади бештар медиҳанд. Инчунин мо кушиш мекунем ба деҳқонон заҳрохимикатҳоеро тавсия диҳем, ки ба муҳити атроф ва саломатии мардум таъсири манфии камтар расонанд. Яъне аксари вақт заҳрохимикатҳои синфи 3-юм ва 4-умро тавсия медиҳем
Ба онҳое, ки мехоҳанд ба тиҷорати кишоварзӣ машғул шаванд чи тавсия медиҳед?
1. Кушиш кунанд, ки ҳама вақт маводи хушсифатро фурушанд, чунки агар ба муштарӣ як маротиба маводи бесифатро пешниҳод кунед вай дигар ба наздашон намеояд;
2. Кушиш кунанд, ки ҳангоми фуруши мавод ба муштарӣ тарзи истифодабарӣ, муҳлат ва меъери онро фаҳмонда диҳанд;
3. Ҳамеша бо муштариён ждар тамос бошанд;
4. Кушиш кунанд аз навиариҳои соҳа доиман бохабар бошанд ва ба муштариён технологияҳои нав ва манфиатоварро тавсия диҳанд;
5. Ҳамеша бо муштариён бо эҳтиром муносибат кунанд.
Ташаккур барои суҳбат!