Аввалан, биёед бифаҳмем, ки ISO 22000 чист, он ба кӣ лозим аст ва чӣ гуна онро ба даст овардан мумкин аст?
Дар бисёри кишварҳои ҷаҳон сертификатсияи маҳсулоти ғизоӣ барои саноати хӯрокворӣ ҳатмӣ шудааст. Дар Тоҷикистон ин раванд ҳатмӣ нест, аммо баъзе ҳолатҳое ҳастанд, ки дороии сертификатро талаб мекунанд. Мақомоти сертификатсия дар Тоҷикистон Тоҷикстандарт аст, ки шӯъбаи махсуси сертификатсияи сифатро дорад. Биёед худи стандарти ISO 22000 бодиққат аз назар гузаронда ҳамаи бартариҳоро мавҷудбударо, баррасӣ кунем.
ISO 22000 стандарти байналмилалӣ барои татбиқи системаи идоракунии амнияти озуқаворӣ мебошад.
Агар истеҳсолкунандаи ягон маҳсулоти хӯрокворӣ сертификати ISO 22000 дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки тамоми чораҳои зарурӣ ҳангоми истеҳсоли он баҳри таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ андешида шудаанд.
Татбиқи стандартҳои сифат дар корхона муҳим аст:
- Ташкили раванди дурусти истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ;
- Назорати доимии сифати мол дар асоси талаботи муқарраргардида;
- Кам кардан ва бартараф кардани хатарҳои эҳтимолӣ;
- Мубодилаи ахбор бо дигар ташкилотҳои саноати хурокворй.
Агар истеҳсолкунанда хоҳиши ба бозори нав баровардани маҳсулоти худро дошта бошад ва ба кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ маҳсулоти худро содир кунад, аммо дорои сертификати ISO 22000 нест ва инчунин талаботи дар боло овардашударо иҷро накунад, дар ин маврид истеҳсолкунанда ҳуқуқ надорад, ки маҳсулоти худро ба хориҷа фурӯшад. Дар чунин мавридҳо, ҳама молҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи дигар кишварҳое, ки маҳсулот ба он ҷо содир карда шудаанд, бозпас гирифта шавад.
Гирифтани сертификати байналмиллалии сифат ба корхонаҳои зерин лозим аст:
- Ташкилотҳое, ки бо парвариши сабзавот, мева, ғалладона, хушадор ва дигар зироатҳои комплекси агросаноатӣ машғуланд.
- Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ (ширӣ, гӯшт, нонпазӣ ва ғ.), инчунин маҳсулоти нимтайёр.
- Корхонаҳои анборҳое, ки дар онҳо мол нигоҳ дошта мешавад.
- Ширкатҳои логистикӣ (нақлиётӣ), ки маҳсулоти хўрокворӣ мекашонанд.
- Он нуқтаҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти озукаворӣ махсус гардонда шудаанд.
- Цехҳое, ки ба борпечкунии маҳсулоти хурокворӣ машғуланд.
- Истеҳсолкунандагони хӯроки чорво.
Дар Тоҷикистон ҳоло гирифтани сертификати сифат зарур нест, аммо ҳолатҳое мешаванд, ки ҷорӣ намудани ISO 22000 ба истеҳсолкунанда имкониятҳои нав медиҳад:
- Амалӣ намудани воридот ва содироти маҳсулот;
- Бастани шартномаҳо оид ва тақсимоти мол тавассути шабакаи нуҳтаҳои савдо;
- Хамкорӣ бо корхонахои хориҷӣ.
ТҶ “Замонат” мутахассисони сертификатсия оид ба татбиқи системаи сифат ISO 22000 дорад, ки омодаанд ба онҳое, ки мехоҳанд ташхиси пешакӣ ва аудити корхонаро анҷом диҳанд ва барои гирифтани сертификат кӯмак расонанд.
Мӯҳлати гирифтани шаҳодатномаи сифат аз 2 ҳафта то 2 моҳ тӯл мекашад, ҳамааш аз вазъи корхона ва истеҳсоли он вобаста аст, агар корхона ба ҳама талабот ҷавобгӯ бошад, пас вақти гирифтани сертификат кам мешавад.
Бояд қайд кард, ки мавҷудияти сертификати ISO 22000 ба ширкат имкон медиҳад, ки имиҷ ва тамғаи молии худро дар бозор таҳким бахшад, эътимоди мақомоти назоратӣ, пурзӯр намудани назорати сифати маҳсулот, баланд бардоштани рақобатпазирии корхона, ворид шудан ба бозорҳои байналмилалӣ, автоматикунонии идоракунӣ ва процессҳои истеҳсолӣ, дар процесси истеҳсолот ҷорӣ намудани навоварӣ, сарфа намудани маблағҳо бо роҳи бартараф намудани маҳсулоти нуқсондор, баланд бардоштани обрӯи корхонаи истеҳсолкунанда дар назди истеъмолкунандагон ва шарикон.
Ҳуҷҷати ISO 22000 барои 3 сол эътибор дорад. Ҳар сол ширкат бояд мувофиқати шаҳодатномаи додашударо ҳангоми санҷиш тасдиқ кунад.
Моҳи июни соли 2020 мутахассисони ТҶҶ «Замонат» ҶДММ «Тичорати Сорбон»-ро дар якҷоягӣ бо Тоҷикстандарт сертификатсия карданд.
Бояд гуфт, ки ҶДММ «Тиҷорати Сорбон» ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул буда,
имрӯз яке аз аввалинҳо шуда дар соҳаи худ соҳиби сертификати ISO 22000 гардидааст.
Агар шумо хоҳиши гирифтани сертификати ISO 22000 дошта бошед, метавонед барои гирифтани маълумоти муфассал ба мутахассисони ТҶ «Замонат» муроҷиат намоед.
Тамос:
кӯчаи Мирзо Турсунзода, 45, кабинети 501.
Тел: 900 09 89 16, 937 937 937.
почтаи электронӣ: zamonattj@gmail.com
вебсайт: www.zamonattj.com