Дар Тоҷикистон маъмулан аз моҳи август то сентябр раванди истеҳсоли мавиз ё ба ибораи дигар хушккунии ангур оғоз мешавад. Навъи кишмиш, ки яке аз навъҳои ангур аст барои истеҳсоли мавиз истифода мешавад ва ба ин намуди мавиз дар бозорҳо талабот зиёд аст. Мавизро ҳам аз ангурҳои навъи донакдор ва ҳам аз навъҳои ангури бедонак тайёр кардан мумкин аст. Ангурҳои навъи бедонакро КИШМИШ мегӯянд. Ҳоло ҳозир мавизи сиёҳро аз навъи “Кишмиши сиёҳ”-и бедонак истеҳсол мекунанд. Мавизи сиёҳи бедонак хеле маъмул ва маъруф буда, тамъи ширини бидуни туршӣ доранд. Мавизи зарди ранги қаҳваранг дошта аз «Кишмиши сафед» тайёр карда мешавад ва таъми ширину турш дорад. Ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши чунин мавиз нисбат ба мавизи сиёҳ хеле кам аст.
Мавизи аз ангурҳои навъи донакдор истеҳсол шуда дар даҳсолаҳои охир аз тарафи истеъмолкунандагон талабот надорад ва аз ин сабаб истеҳсолаш хеле ночиз аст ва амалан ба бозорҳои беоуна содирот намешавад.
Барои ба даст овардани мавизи аълосифат миқдори глюкоза дар ангур бояд идеалӣ (25-30%) бошад ва на камтар аз 20% бошад. Барои ин, ангур бояд дар давраи пухтарасӣ ба ҳаҷми ҳарорати гармии зарурӣ таъмин бошад.
Чӣ қадаре, ки миқдори глюкоза дар ангур ба ҳадди идеалӣ наздик бошад ҳамон қадар маҳсулнокӣ ҳангоми истеҳсоли мавиз баланд мегардад. Масалан: агар ҳангоми глюкозаи минималӣ дар таркиби ангур аз 5кг ангур 1кг мавиз ба даст орем, вале дар мавриди меъёри оптималии глюкоза дар таркиби ангур бошад аз 3кг ангур 1кг мавиз ба даст овардан мумкин аст.
Технологияи ба даст овардани мавиз 4 усули асосиихушконидани мавизи навъи «кишмиш»-ро дарбар мегирад:
- «Соягӣ» – дар сояҷо хушконидани ангур
- «Офтобӣ» – дар офтоб хушконидани ангур
- «Калифор» – ҳангоми хушккунӣ илватан сулфитатсия мекунанд (бо олтингӯгирд дуд мекунанд)
- «Об-ҷӯш» – пеш аз хушконидан ангурро бо маҳлули ишқор меҷӯшонанд.
Барои истеҳсоли мавизи соягӣ навъҳои ангури “Кишмиши сиёҳ” ва “Кишмиши сафед” истифода бурда мешаванд. Одатан барои истеҳсоли мавиз хӯшаҳои калони хушсифати ангуррро интихоб мекунанд. Раванди хушккунӣ бе истифодабарии маҳлули ишқор, дуди олтингӯгирд ва ё дигар маводҳои кимиёвӣ ба роҳ монда мешавад. Дар технологияи истеҳсоли “Мавизи соягӣ” ангурро дар соярӯ ва “сояхонаҳо” бидуни таъсири мустаъқими нури офтоб хушк мекунанд. Дар “сояхонаҳо” гардиши ҳаво (вентилатсия) шарти муҳим мебошад ва ба сифати мавизи истеҳсолшаванда мусбӣ таъсир мекунад.
Тамоюли бозор
Рушди логистика ва технологияҳои пешрафтаи парвариш ва нигоҳдории меваҳои тару тоза тадриҷан боиси дар ғизои истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон иваз шудани меваи хушк бо меваҳои тару тоза мегардад. Савдои ҷаҳонии меваҳои тару тоза хеле рушд карда истодааст вале савдои меваҳои хушк рукуд дошта дар ҳолати бетағъирӣ аст ва ҳатто тамоюли камшавӣ дорад. Ба ин ҳама тамоюли бозор нигоҳ накарда маҳсулоти хушсифати хушкмеваҳо аз он ҷумлаъ МАВИЗИ СОЯГӢ дар бозор ҳамеша талаботи хуб дорад.
Имкониятҳои хуб барои СТАРТАПҲО
Tajikistan has a number of advantages for semi-dried black sultanas production, including geographic location, good soil, acceptable labor force, traditional farming culture, climatic conditions and a dynamically growing market. Tajik agribusinessmen are able to compete and promote products in the foreign market, using the above-mentioned competitive advantages. Production and marketing of sultanas to domestic and foreign markets has a huge potential for development.
Dear STARTAPERS, if you intend to start a business in the production and sale of black semi-dried sultanas, we suggest you to consult with specialists in the field or contact the project experts through this website. We provide information and advice on the intricacies of sultanas drying technology, as well as information on the potenial buyers – exporters.