Оғози пешниҳод ва фурӯши косметикаи табиӣ дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Косметикаи табиӣ имрӯз дар ҷаҳон маъмул гаштааст. Истифодаи онҳо дар байни занон ва ҷавонон торафт бештар мегардад. Дар Тоҷикистон қариб, ки касе ба истеҳсоли маҳсулоти косметикаи табиӣ машғул нест, зеро дар айни замон талаботи махсус вуҷуд надорад, мардум дар бораи оқибатҳои истифодаи косметикаи ғайритабиӣ огоҳӣ надоранд. Маҳсулоти маъмулие, ки мо дар ҳама гуна супермаркетҳо ва мағозаҳо пайдо карда метавонем, бо моддаҳои гуногуни кимиёвӣ истеҳсол карда мешаванд, ки ба организми инсон зарароваранд. Табиӣ (био), дар навбати худ, асосан аз наботот тайёр карда мешаванд, на танҳо барои пӯсти бадани мо, балки барои табиати мо низ бартариҳои зиёд доранд, зеро барои истеҳсоли онҳо камтар моддаҳои кимиёвӣ, пластмасса истифода мешавад, ки он пастшавии ҳаҷми партовҳои зарароварро ба муҳит оварда мерасонад.
Ҳилола Шодиева духтари ҷавон буда, донишҷӯи курси 4-уми факултаи иқтисодии ДМТ мебошад, ӯ дер боз орзуи кушодани тиҷорати шахсии худро дорад. Кори дӯстдоштаи ӯ (хобби) истеҳсоли косметикаи табиӣ (собунҳо, шампунҳо, бальзамҳо, гелҳо) мебошад. Аввалан ин гуна маҳсулотҳоро барои худ ва наздиконаш истеҳсол мекард, аммо пас аз гузаштани курсҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Start-up Promotion, ки дар ҳамкорӣ бо PEM Consulting аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии “Замонат” гузаронида шуд, тасмим гирифт, ки кори дӯстдоштаашро ба сатҳи тиҷоратӣ барорад. Ба шарофати иштирок дар ин барнома, Ҳилола мафҳумҳои асосӣ ва донишро оид ба чӣ гуна амалӣ кардани идеяи тиҷорати худ ба даст овард. Бо ин мақсад, ӯ курсҳои онлайн (истеҳсоли косметикаи табиӣ) гирифт ва қарор дод, ки тиҷорати худро оғоз кунад. Ин кори дӯстдоштааш на танҳо шавқовар, балки фоидаовар низ хоҳад шавад.
🌱 Муҳаббати ман ба табиат ва зебоии табиӣ маро илҳом бахшид, то маҳсулоти нигоҳубини пӯсту баданро табиӣ ва солим истеҳсол кунам.
🌱 Ман шампунҳои сахт, собун, бальзам, убтан, намаки ҳамом ва бисёр дигар имтиёзҳои косметикиро дастӣ месозам. Бо шарофати таркиби табиии худ, ин маҳсулотҳо пӯсти шуморо нарм мекунанд ва аз ҳама муҳимаш, онҳо зебоии табиии шуморо дастгирӣ мекунанд. Ҳилола дар лоиҳаҳои гуногун хеле фаъолона иштирок мекунад, дар тренингҳои гуногун таҳсил мекунад,
дониши тиҷоратии худро такмил медиҳад ва чунин мешуморад, ки барои рушди худ муҳим аст пайваста донишҳои нав гирад.
Қобили зикр аст, ки ингредиентҳои истеҳсоли маҳсулоташро Ҳилола аз Русия ё Ӯзбекистон онлайн фармоиш медиҳад. Истеҳсоли косметикаи табиӣ ба ҳаёти Ҳилола дигаргуниҳои азим овард. Имрўз дар бораи косметикаи табиӣ ҳарф мезанад, ба духтарон кўмак мерасонад, ки интихоби дурусти косметикаро ба амал оранд, то ки маҳсулоти босифати харидаашон ба саломатиашон зарар наоварад.
Косметикаи табиӣ чист?
Косметикаи табиӣ аз маводи растанӣ иборат аст, яъне дар таркибаш парабенҳо, SLS, силикон, хушбӯйҳо ва рангҳои синтетикӣ, парафинҳо, ГМО, ашёи хоми ҳайвонот нест. Косметикаи табииро аксар вақт “органикӣ” меноманд, гарчанде ки онҳо аз ҷиҳати таркиб каме фарқ мекунанд. Дар косметикаи органикӣ ҷузъҳои аз ҳайвонот мавҷуд нестанд ва ҷузъҳои растанӣ бояд на камтар аз 95% бошанд. Дар истифодаи табиии компонентҳои ҳайвонот иҷозат дода мешавад ва компонентҳои фитотерапия бояд на камтар аз 50% бошад.
Имрӯз, Ҳилола ба муштариёни чакана, ки миқдори ками фурӯшро таъмин мекунанд, такя мекунад, аммо дар оянда вазифаи худро ҳамчун истеҳсолкунанда ва соҳибкор ба бозори B2B дохил шуда ба савдои яклухт тавассути дистрибюторҳо ҳамроҳ шуданро , мебинад.
Ҳилола айни замон дар фикри гирифтани сертификати байналмилалии органикӣ мебошад, ки ба ӯ дар оянда фурӯшро ба сатҳи баланд баровардан, кӯмак мерасонад.
Ҳилола на танҳо ба истеҳсоли маҳсулот машғул аст, балки масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории худро низ баррасӣ мекунад. Соҳаҳое ҳастанд, ки вай ҳамчун стартап бояд ба онҳо диққати ҷиддӣ диҳад – PR, маркетинг, шинохтани брендаш аз тарафи мизоҷон. Аммо вазифаҳои аввалиндараҷа гирифтани сертификатсия, бақайдгирии соҳибкорӣ, афзоиш ва навсозии истеҳсолот, дастрасӣ ба бозорҳои нави фурӯш мебошанд.
Ҳилола ҳоло масъалаҳои сабти тиҷорат ва бренди худро ҳал мекунад ва ҳамчунин ният дорад фурӯши он-лайн маҳсулоти косметикаи табииро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ густариш диҳад. Дар оянда ҳадаф дорад, ки як мағозаи интернетӣ таъсис диҳад, ки маҳсулоти косметикаи худро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ ба фурӯш барорад.
Мо ба духтари ҷавон, боистеъдод ва лаёқатманд муваффақият таманно дорем, хеле умедворем, ки Ҳилола ба зудӣ ба ҳадафҳои худ мерасад ва яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони косметикаи табиӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад.