Дастгирии соҳибкории ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии мо ба шумор меравад ва мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавононро бештар ба омӯзишҳо ҷалб намоем.
⠀
Хушҳол аз онем, ки кӯшишҳои мо натиҷаҳои босамар дода, лоиҳаҳои нави тиҷоратӣ вориди бозор шуда истодаанд.
⠀
Рачабов Ҳаётулло аз ҷумлаи чунин ҷавононест, ки дар соҳаи соҳибкорӣ пешрафт карда, кӯшиш мекунад, ки маҳсулоти ширкатҳои туркиро дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш барорад.
⠀
Шумо метавонед дар бораи лоиҳаи тиҷоратии Ҳаётулло kauf.tj аз интервюи зерин маълумоти бештар гиред.
Чаро шумо тасмим гирифтед, ки соҳибкор шавед? 2. Ин идея ба шумо чӣ гуна пайдо шуд?
Идеяи соҳибкорӣ дар баробари дидани фоидаи соҳибкорон дар мо пайдо шуд. Ман бо якчанд нафар дӯстони худ тасмим гирифтем, ки соҳибкор шавем ва фоидаи калон ба даст орем. Мо ширкати худро кушодем, ҳамчун намояндаи ширкатҳои косметологии туркӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоем. Бо ширкатҳои туркии LARA SHiNE, DERMAPROF, KUAF, iDOX, BiODOX хамкори дорем.
2. Аз иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGERумо чӣ ба даст овардед?
Ман сараввал аз Донишгоҳи худ – Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани чунин семинар ва лоиҳаи рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ хабардор шудам ва ба ман шавқовар намуд.
Дар он ҷо рафта номнавис кардам ва дар ҳамаи семинрҳои лоиҳаи дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ иштирок кардам ва дараҷаи саводнокии худро баланд бардоштам. Аз роҳҳои фаъолияти соҳибкорӣ бохабар шудам, ҳисобу китобро омӯхтам, маркетингро омӯхтам, роҳҳои дохилшавии маҳсулот ба бозорро ва инчунин муомила бо харидорро омӯхтам.
3. Кадом лоиҳаҳои нав интизоранд, афзалиятҳои ширкат барои чанд соли оянда кадомҳоянд?
Дар оянда мо мехоҳем тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварро бо маҳсулоти косметологии ширкатҳои туркӣ таъмин намоем ва фуруши худро боз ҳам зиёдтар намуда, фоидаи калон ба даст орем.
Ҳоло мо тамоми мағоза ва кошонаҳои ҳусни шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷандро бо маҳсулотҳои косметологии худ – шампун, крем ва маҳлулҳои ороишии туркӣ пур намуда истодаем.
Дар фаъолити соҳибкории мо барои чор, панҷ нафаре, ки ҳастем айни ҳол кор барои онҳо басандагӣ мекунад ва дар оянда, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рафта филиалҳои худро кушодем, метавонем бисёртар кормандонро дар фаъолияти соҳибкории худ ҷалб намоем ва ба ҷои корӣ таъмин намоем.
4. Чаро шумо ба соҳибкорони навкор маслиҳат медиҳед, ки дар чорабиниҳои омӯзишӣ, таълимӣ иштирок кунанд?
Ба соҳибкорони ҷавон маслиҳат медиҳам, ки дар семинару омӯзишҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои GIZ ва PEM Consult гузаронида мешаванд, иштирок намоянд ва савияи дониши худро дар самти фаъолияти соҳибкории худ такмил диҳанд.