Ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии кишвари мост.
⠀
Қаҳрамони имрӯза, яке аз чунин соҳибкорони фаъолу муваффақ, Сайёра Бобохонова мебошад, ки ҳадафи соҳибкориаш оғоз намудани парвариши навъҳои мурғ дар ҶДММ «Файзи Сайёр» ва ҳамчунин таъсис ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
⠀
Иштирокчии Лоиҳаи фарогирии рушди деҳот/ TRIGGER ба тиҷорати мурғпарварӣ машғул аст ва нақша дорад, ки дар оянда онҳоро ба кишварҳои хориҷӣ содир намояд.
⠀
Мусоҳибаи пурраро дар зер бихонед:
Чаро шумо тасмим гирифтед, ки соҳибкор шавед? 2. Ин идея ба шумо чӣ гуна пайдо шуд?
Мехоҳам дар пешрафти кишвар саҳм гузорам ва ҷавононро ба кор ҷалб намоям. Зеро аксари ҷавонон бекоранд. Хатто баъзеашон сохиби маълумоти олй мебошанд, вале бекоранд. Мехоҳам чунин ҷавононро ба кор қабул кунам.
Азбаски мо дехконем, мо сохахои хеле тараккикардаи зироаткорй, чорводорй ва мургпарварй дорем. Ман мехоҳам ин навъи нави идеяи худро, ки парвариши индукҳои Big 6 ва Hybrid аст, таҳия кунам.
Аз иштирок дар Лоиҳаи фарогирии рушди деҳот/TRIGGER чӣ фоида овардед?
Ман тарзи оғоз кардани тиҷорати шахсии худ, роҳҳои нави ба даст овардани фоида, маркетинг, усулҳои нави бозор ва пешбурди тиҷорати худро омӯхтам.
Ҳоло корхонаи шахсии худро бо номи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Файзи Сайёр» кушодам. Вай дар ду сохаи хочагии кишлок тараккй мекунад.
Нақшаҳои ояндаи шумо
Мо дар ин самти мургпарварй истехсоли махсу-лотро хеле вусъат дода, навъхои нави мурги «Биг 6» ва «Гибрид»-ро зиёд карда, гушти онхоро зиёд мекунем.
Дар оянда мо инчунин ба нақша гирифтаем, ки инкубаторҳо ва сипас ғизодиҳандаҳоеро, ки барои ғизодиҳии парранда заруранд, харем.
Шумо ба соҳибкорони навкор чӣ маслиҳат медиҳед?
Одам бояд идеяеро интихоб кунад, ки на танхо фоиданок бошад, балки ба у лаззат мебахшад. Яъне инсон бояд дар болои ин андешае, ки дорад, кор кунад ва барои пешбурди кори худ кор кунад.