Шавкат Калонов шарики роҳбарикунанда ва Директори «Top Consulting» (topcontj.com), ҳаммуассиси стартапи «Savdo+» (savdo.plus) ва ҳаммуассиси стартапи «Top Juniors» мебошад. Мушовири сертификатдори соҳибкорӣ бо таҷрибаи бисёр ҳам дар ширкатҳои хурд ва миёна, ҳам дар ташкилотҳои калон. Лоиҳаҳои машваратии бомуваффақият дар соҳаҳои бозори молиявӣ, IT, саноати сабук, истеҳсолот, телекоммуникатсия, тиҷорати чакана, савдо, хизматрасонӣ ва ғайраро иҷро намуддаст. Дар таҳияи стратегия, идоракунии корпоративӣ ва амалиётӣ, ташхиси тиҷорат, тавсиф ва оптимизатсияи равандҳои бизнес, систематикунонии фаъолият, таҳлили молиявӣ ва банақшагирӣ, сохтори идоракунӣ, оптимизатсияи системаи кадрҳо, инчунин идоракунии лоиҳа салоҳиятдор аст.

Баргаштан…