Стартапҳои тиҷорӣ муҳаррики рушди иқтисодӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба оянда мебошанд.

Ғояҳо, маҳсулот ва хидматҳои нав ҳамеша дар тамоми соҳаҳо инқилоб мекарданд ё ҳатто боиси пайдоиш ва афзоиши соҳаҳои комилан нав мешуданд. Намунаҳои он соҳаҳои IT, технологияҳои рақамӣ ё биотехнология мебошанд.

Муассисон ғояҳои тоза ба соҳаҳои мавҷудаи анъанавӣ ворид мекунанд ва бо ин дар такмил ва нигоҳ доштани рақобат ва рушди иқтисодӣ саҳми бебаҳо мегузоранд.

Ҳадафи лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER ин таблиғи муҳити  фаъоли стартапӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER – стартапи шуморо аз оғози кор дар ҳама масъалаҳои марбут ба тиҷорат дастгирӣ мекунад. Якҷоя бо шарикони худ мо ба шумо дар қадамҳои зарурӣ барои оғози тиҷорат ва соҳибкорӣ кӯмак мерасонем.

Дар ин саҳифа шумо маълумоти зиёде дар бораи мавзӯи стартап, инчунин маълумот дар бораи чорабиниҳо, фаъолиятҳо ва шахсони тамос, ки ба шумо дар ташкили тиҷорати шахсии шумо кӯмак мерасонанд, пайдо мекунед.

Мо якдигарро тела медиҳем, то беҳтар шавем; мо ҳеҷ гоҳ наметавонистем чунон хуб танҳо бошем.

– Дастаи Tajik Startups –