Мо ҳамеша барои дастгирӣ ва маслиҳат додан ба стартапҳои мо ва гузаронидани чорабиниҳои тахассусӣ тренерҳо ва мураббиёни баландихтисосро меҷӯем.
- Имтиёзҳои шумо ҳамчун тренер ё мураббӣ:
- Ҳамкорӣ бо гурӯҳи мураббиёни баландихтисос
- Барномаҳо ва маводҳо барои гузаронидани тренинг
- Ҷадвали омӯзишии инструкторҳо
- Имконияти пешниҳоди шартномаи дарозмуддати тренери / мураббӣ, агар ихтисоси мувофиқ дошта бошад
Кӣ метавонад мураббӣ бошад?
- Шумо як соҳибкори муваффақ ҳастед ва мехоҳед дар бораи моделҳои нави инноватсионии тиҷорат маълумот гиред?
- Шумо барои сармоягузорӣ дар тиҷоратҳои ояндадор омодаед
- Шумо омодаед ҳамчун узви ҳакамон дар озмунҳои нақшаи бизнес ширкат варзед ва ғояҳои тиҷориро арзёбӣ кунед.
- Шумо мехоҳед, аз таҷрибаи худ истифода бурда ба ҷавонон дар бунёд намудани стартапҳои инноватсионии онҳо кумак расонед
Пас барои мураббӣ шудан ба Tajik Startups худро номнавис кунед.
Имтиёзҳои шумо:
- Вақте, ки сухан дар бораи идеяҳои нави тиҷоратии фоидаовар меравад, шумо бевосита дар он иштирок мекунед
- Шумо метавонед бо як идеяи хуби тиҷоратӣ даромади аз миёна болотарро ба даст оред
- Шумо ҷавононеро, ки мехоҳанд мустақилона кор кунанд дастгирӣ мекунед.
- Шумо омодаед, ки дар рушди иқтисодии Тоҷикистон сахм гузоред
- Шумо мехоҳед, ки бо шарикони нави байналмилали дар сохаи тичорат шинос шавед ва бо онҳо алоқа пайдо кунед.