Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER

Афзоиши иқтисодиёти устувори корхонаҳои хурд, миёна ва майда, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии хурд дар Тоҷикистон.

Замина

Тоҷикистон яке аз давлатҳои камдаромад дар байни ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 70% аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, ки даромадашон аз соҳаи кишоварзӣ вобаста аст. Тоҷикистон мамлакати кӯҳистон буда, 93% онро кӯҳистон ташкил медихад, ки ин тараққиёт ва рушди маҳсулоти кишоварзиро мушкил мегардонад. Тағирёбии иқлим ба шароити обу ҳаво таъсир расонда ва аз ин сабаб афзоиши тӯфонҳои регӣ дар кишвар мушоҳида мешавад.

Гузариши кишвар ба бозори иқтисодӣ, танҳо ба андозаи маҳдуд сурат гирифтааст. Вуруди назарраси сармоягузориҳои Чин дар инфрасохторҳои бузурги давлатӣ ва иншоотҳои саноатӣ зиёд буда, дигар сармоягузориҳои хориҷӣ бошад аз сабаби муҳити номусоид худдорӣ мекунанд. Интиқоли маблағи мухоҳирони меҳнат ҳамчунон як манбаъи даромади маблағгузории беруна ба ҳисоб рафта, 40% маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои вобаста ба интиқоли пул табдил медиҳад.

Мушкилиҳои воқеӣ дар Тоҷикистон зарурати барқарор кардани инфрасохтор, беҳтар намудани шароити соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.

Вазифа

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER ба таҳкими устувории иқтисодиёти КХМ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонони хурд, соҳибкорони ҷавон ва занони соҳибкор равона шудааст. Бо ин мақсад, лоиҳа ба фаъолони бахши хусусӣ ва шарики сиёсӣ оид ба истифодаи равишҳои дар бозор асосёфта тавсия медиҳад.

Равиши мо

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER ба фаъолияти лоиҳаҳои пешгузаштаи худ такя мекунад. Он диққати аввалиндараҷаи худро ба бахши кишоварзӣ (аз ҷумла коркард ва маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ) равона месозад. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани робита байни субъектҳои гуногуни бозор (масалан, гурӯҳҳои истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои коркард) ва баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулот ва хидматҳо дар Тоҷикистон мебошад. Самти соҳавии лоиҳа аз сабаби аҳамияти соҳа барои шуғл, ва саҳми назарраси он дар ММД буда, тамоюлҳои рушд ва саҳми он дар баровардани аҳолии деҳот аз камбизоатӣ интихоб шудааст.

Барномаи TRIGGER II дастгирии худро ба чор самти асосӣ дахолат мекунад.

Муҳити мусоиди тиҷорат (ММТ)

Ҷузъи ММТ ҳадафи такмил додани сиёсати иқтисодии ба далелҳо асосёфта ва мусоидатӣ муколамаи байни фаъолони хусусӣ ва давлатӣ мебошад. Ду воситаи асосӣ мавҷуданд: якум, тақвияти иқтидори субъектҳои давлатӣ, ки барои таҳлил ва таҳияи сиёсати иқтисодӣ, иштирок мекунанд. Дуюм, нигоҳ доштани шакли муколамаи байни фаъолони бахши хусусӣ ва институтҳои сиёсӣ. Яке аз дастовардҳое, ки лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER тарғиб ва ташвиқ мекунад, ин ҷаласаи солонаи иқтисодӣ дар Душанбе мебошад. Ҳадафи чунин форум, фароҳам овардани платформа барои муҳокимаи сиёсат ва пешниҳодҳои ислоҳот оиди мавзӯъҳои муҳими иқтисодӣ мебошад.

Рушди фарогири занҷири арзишҳо (РФЗА)

РФЗА дастгирии худро ба рушди занҷирҳои арзиши фарогир равона мекунад. Ҳама чорабиниҳои дар ин самт, барои баланд бардоштани даромади хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар минтақаҳои деҳотии интихобшудаи Тоҷикистон равона карда шудаанд. Намунаи хизматрасонии такмилёфта дар соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ба таври самарабахш маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ истеҳсол кунанд. Фаъолиятҳо барои роҳандозии робитаҳо байни хоҷагиҳои деҳқононии хурд ва ширкатҳои коркард амалӣ карда мешаванд, ки ба усулҳои самараноки тақсимот имкон медиҳанд. Ҷузъи РФЗА дастрасиро ба иттилооти бозор барои хоҷагиҳои деҳқонињои хурд тавассути барномаҳо, ба монанди тағирёбии нархҳои нав барои зироатҳои алоҳида, беҳтар менамояд. Ин ба деҳқонон имкон медиҳад, ки нархи маҳсулоти худро беҳтар ба мувофиқа расонанд.

Вақте ки сухан дар бораи гуногунии биологии маҳаллӣ ва таҳкими хидматҳои экологӣ меравад, ҷузъи он хидматҳои машваратии ба тиҷорат нигаронидашударо дастгирӣ мекунад. Ин омӯхтани тренингҳои дахлдори кишоварзӣ (масалан, истифодаи навъҳои ба иқлим тобовар, таҷрибаҳои устувори кишоварзӣ барои мутобиқшавӣ ва тағирёбии иқлим, технологияҳои самарабахш) ва равандҳои пас аз ҷамъоварии ҳосил (масалан, тоза кардан, хушккунӣ, бастабандӣ) -ро дар бар мегирад.

Пешбурди содирот ва рушди бозор (ПСРБ)

Пешбурди содирот ва рушди бозор рушди иқтисодиро бо истифодаи воситаҳои пешбурди содирот ҳавасманд мекунад. Ҳадафи умумӣ ин интегратсия кардани истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои коркардкунандаи тоҷик ба бозорҳои ҷаҳон мебошад. Фаъолиятҳои мушаххас ба салоҳияти маркетинг, фурӯш ва содироти иштирокчиён дар баробари занҷирҳои интихобшудаи кишоварзӣ марбутанд. Лоиҳа ба таҳияи стратегияҳои маркетингии маҳсулоти махсус дар асоси муқоисаи талаботҳои мушаххас дар бозорҳо бо маҳсулоти эҳтимолии содиротӣ дар Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

Аъзои алоҳидаи сатҳи мезо (масалан, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ) барои дастгирии истеҳсолкунандагон дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои дахлдори содирот ё маркетинг дар асоси таҳлилҳои дақиқ таҷрибаи техникӣ ва роҳнамоӣ ташкил мегиранд. Ҷониби маҳсулот бошад, бо дастгирӣ дар интихоб ва гузаронидани сертификатсия ва аккредитатсияи байналмилалӣ (масалан, сертификатсияҳои савдои органикӣ ё одилона), ки сифати маҳсулотро баланд мебардорад ва ба КХМ кишвар имкон медиҳанд, ки молҳои худро содир кунанд.

Пешбарии стартапҳо ва соҳибкорӣ

Ҳадаф асосӣ ин васеъ кардани доираи дастгирии стартапҳо, соҳибкорони ҷавон ва занони соҳибкор мебошад. Муассисони эҳтимолӣ стартапро ба соҳибкорӣ ҳавасманд мекунанд, дар ҳоле ки имкониятҳои иқтисодии ширкатҳои мавҷуда меафзоянд ва шумораи нокомиҳо коҳиш меёбанд. Истифодаи малакаҳои истифоданашудаи тиҷорӣ ва молиявии гурӯҳи мақсаднок мустақилияти молиявиро, хусусан барои занон тақвият медиҳад. Аксар вақт, муҳоҷирати иқтисодии мардон занонро маҷбур мекунад, ки сарфи назар аз хусусияти патриархалии сохторҳои иҷтимоӣ нақши тасмимгирандагонро дар оилаҳо ва баъзе ҳолатҳо дар дохили ҷамоатҳо ба зимма гиранд.

Published by Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH Registered offices Bonn and Eschborn, Germany Towards Rural Inclusive Growth and Economic Resilience II GIZ Office, 2/1 Huvaydulloev street 734049, Dushanbe, Tajikistan T +992 44 600 68 18 TRIGGER.Tajikistan@giz.de www.giz.de Author Sebastian Berwanger, Dr. Igor Eromenko Layout Dr. Igor Eremenko GIZ is responsible for the content of this publication. Photos @GIZ As at March 2019 Printed by Individual Entrepreneur Z. Kurbonov, Dushanbe On behalf of Federal Ministry for Economic Cooperation and Development (BMZ) Addresses of BMZ Bonn BMZ Berlin the BMZ offices Dahlmannstraße 4 Stresemannstraße 94 53113 Bonn, Germany 10963 Berlin, Germany T +49 (0)228 99 535-0 T +49 (0)30 18 535-0 F +49 (0)228 99 535-3500 F +49 (0)30 18 535-2501 poststelle@bmz.bund.de www.bmz.de