Ҳоло Равшан Қурбонов вазифаи Директори иҷроияи яке аз конгломератҳои пешрафтаи тиҷории Тоҷикистон – “55 Group” (the55group.com) -ро дорад. Он 25 ширкати тиҷориро дар бар мегирад, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор доранд. Вазифаҳои асосии ӯ идоракунии стратегии тамоми равандҳои асосии кори “55 Group”-ро дар бар мегиранд. Равшан ҳаммуассиси Маркази Startup Business Hub “StartupStan” мебошад, ки таҳти роҳбарии ӯ аввалин Саммити Экосистемаи Startup дар минтақа ташкил карда шуд (startupstan.team). Равшан таҷрибаи калони корӣ дар бахши тиҷорат дорад. Вай дар ташкили чорабиниҳо, ки ба соҳибкорон барои дарёфти маблағ, шабакаи нав, истеъдодҳои ҷавон ва шарикони нав дар берун аз Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ширкат варзид. Ин фаъолиятҳои асосие мебошанд, ки ба рушди нерӯи соҳибкории Тоҷикистон мусоидат карданд.

Баргаштан…