Раҳимҷон Мақсудхоҷаев аз ҷавонони боистеъдод аст, ки бо лоиҳаи тиҷоратии худ мехоҳад ба пиронсолон, модарон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд кумак расонад ва ба ин васила дар рушди ҷомеа саҳм гузорад.
Вай ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунад ва ба ин васила лоиҳаи худро дар соҳаи тиҷорати иҷтимоӣ таҳия мекунад.
Дар зер мусоҳибаро бихонед ва бо Раҳимҷон ва лоиҳаи ӯ ошно шавед:
- Чаро шумо тасмим гирифтед, ки соҳибкор шавед? Ин идея ба шумо чӣ гуна пайдо шуд?
Аз даври донишҷӯӣ ман мехостам, ки соҳибкор шавам. Ихтисоси ман дар Донишгоҳ менеҷмент буд. Дар рафти донишҷӯи як сол ман дар Хитой World business хондам. Баъд аз бизнеси Хитой ман идеяҳоям дучанд шуд. Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER озмун эълон намуд. Ман саволномаро тариқи онлайн пур намуда иштирокчии Boot Camp шудам.
- 1. Аз иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER шумо чӣ ба даст овардед?
Дар ҳамин лоиҳа ман барои худам пурра фаҳмидам, ки чи хел дар бизнес шикаст нахурам ва ё ноумед нашавам. Баъд аз гузаштани тренингҳо ман баъд аз ним сол бизнеси худро сар кардам.
- 2. Кадом лоиҳаҳои нав интизоранд, афзалиятҳои ширкат барои чанд соли оянда?
Номи ташкилоти ман “Ободкори асри нав” мебошад. Дар ташкилоти ман 4 нафар коргар кор мекунад. Аз сабабе, ки кори мо нав сар шуд, ҷои кор кам аст ва дар оянда насиб бошад 20 – 30 нафарро бо ҷои кор таъмин мекунем. Айни ҳол проекти мо барои пиронсолон, барои модару фарзандони маъюб бинои сохтмонӣ сохта истодаем.
- 1. Маслиҳат медиҳед, ки дар чорабиниҳои омӯзишӣ, таълимӣ иштирок кунанд?
Ман ба соҳибкорони навтаъсис тависия медиҳам, ки дар лоиҳаҳои ба монанди Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER иштирок кунанд, зеро Шумо базаи асосии бизнесро меомӯзед ва таҳия ба худ мекунед.