Татбиқи Барномаи дастгирии молии соҳибкорони навоғоз дар чорчубаи Лоиҳаи Тарғиби корхонаҳои навтаъсис ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, компоненти IV Лоиҳаи Фарогирии Рушди Деҳот IRDP/TRIGGER.
Барномаи маблағгузорӣ махсус барои соҳибкороне таҳия шудааст, ки мехоҳанд лоиҳаҳои худро дар водиҳои Рашт ва Зарафшон таҳия ва густариш диҳанд.
Шарти асосии дарёфти маблағ ин аст, ки лоиҳаи тиҷоратӣ бояд дар водиҳои Рашт ва Зарафшон ҷойгир бошад ва шумо инчунин бояд иштирокчии барномаҳои Startup Bootcamp ё инкубатсияи мо бошед.
Барои гирифтани маблағ, шумо бояд ариза пуркунед.
Лутфан рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳоеро бинед, ки барои иштирок бояд пешниҳод карда шаванд.
Шумо метавонед формаро пур кунед ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро (бизнес нақша, маълумотномаи як саҳифага (one pager) ва дархост барои маблағгузории грантӣ) бо истиноди зерин дарёфт кунед:
Бизнес-нақша, ва дархост барои маблағгузории грантӣ : https://drive.google.com/drive/folders/1Gncviex1WPHhP_QNfO85RV_mz2Q0QGiB?usp=drive_link
Агар аз ҷониби шумо ягон саволе пайдо шавад ба суроғаи почтаи электронӣ ирсол кунед:
Siyovush.Norov@pem-consult.de . Мӯҳлати фиристодани дархостҳо то 15 октябр 2023 аст.
Мо ҳамкории шуморо қадр мекунем!