Бисёре аз донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, ба кӯмаки молиявӣ ниёз доранд, аз ин рӯ бояд корро ҷустуҷӯ кунанд, ки ин кори хеле душвор аст, махсусан барои духтарон. Сабаби асосӣ нарасидани таҷриба, малакаи забон, рақобат, пандемия ва ғайра мебошад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои беҳтарини пул кор кардан ин платформаҳои онлайн аст, ки дар он донишҷӯён метавонанд фаннҳои гуногун, аз қабили забонҳо, барномасозӣ, физика, математика, химия, биология ва ғайраро таълим диҳанд.
Мисоли намунавӣ як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Олмон – Зевар Ҳошимовааст.
Якчанд моҳ дар Олмон зиндагӣ карда, Зевар муддати тӯлонӣ кор пайдо карда натавонист, зеро бар асари пандемия ҳама муассисаҳо дар Олмон баста буданд. Азбаски аз таҳсил вақти холӣ кофӣ буд, Зевар бо вуҷуди он ки ба шарофати таҳсилаш дар яке аз беҳтарин мактабҳои ш. Душанбе, Литсейи тоҷикию туркии ба номи Хоҷа Камол .
Вақте ки бисёре аз корхонаҳо ба кори фосилавӣ шурӯъ карданд, ин маънои онро дошт, ки имкони пайдо кардани кор хеле паст буд. Аммо рӯзе яке аз шиносҳояш ба ӯ пешниҳод кард, ки ҳуҷҷатҳояшро ба платформаи интернетӣ пешниҳод кунад, ки барои дарсҳои иловагӣ бо мактаббачагон муаллим меҷӯяд. Ин яке аз беҳтарин вариантҳо ба ҳисоб мерафт, зеро кор фосилавӣ буд.
Зевар ҳуҷҷатҳояшро супорида, аз санҷишу мусоҳибаҳо гузашт ва ба ҳайси муаллими математика барои хонандагони синфҳои болоӣ ва забонҳои англисӣ ба кор қабул шуд. Розӣ шавед, кори беҳтарин, ин маънои онро дорад, ки ба ӯ ба ҳеҷ куҷо рафтан лозим набуд, корро аз хона карда метавонад, аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон донишҷӯён дорад. Ин барои ӯ як таҷрибаи хуб буд, вай бо бисёр одамон шинос шуд ва ҳатто пас аз анҷоми дарсҳо бо онҳо муоширатро идома медиҳанд.
Зевар таътили тобистона ба Тоҷикистон омад, аммо бо вуҷуди дарсҳои омӯзгориашро идома дод, зеро кораш фосилавӣ буд ва даромади иловагӣ ҳам дошт.
Аз рӯи таҷрибаи Зевар ҳар кас метавонад кор кунад, агар дар ин самт хоҳиш, донишу малакаи хуб дошта бошад, ба кори омӯзгорӣ (он-лайн) шурӯъ кунад.
Албатта, шумо бояд барномаҳоеро, ки дарсҳои онлайн гузаронида мешаванд, аз худ кунед. Яке аз платформаҳои қулай ин ZOOM аст, аммо барои кор кардан дар он шумо бояд бастаеро харед (моҳона ё солона), зеро ҳангоми истифодаи платформаи ройгон зиёда аз 40 дақиқа (сеанс), ғайрифаъол аст. Боз муҳим аст, ки дастрасии интернети баландсуръат бошед, ки имкон медиҳад дарсҳо бидуни таваққуф дар сатҳи хуб баргузор шаванд.
Афзалиятҳои гузаронидани омӯзиш онлайн:
- Якум, барои гузаронидани дарс синфхона ба иҷора гирифтан лозим нест, ба хонаи донишҷӯ рафтан лозим не.
- Дуюм, сарфи назар аз давраи пандемия ё дигар намуди маҳдудиятҳо, гузаронидани ҷаласаҳои гурӯҳӣ имконпазир аст.
- Сеюм, ин ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон қуллай буда, он вақту маблағеро, ки барои нақлиёт масраф бояд шавад, захира мекунед.
- Чорум, донишҷӯёнро аз тамоми ҷаҳон ҷалб кардан мумкин аст, чизи асосӣ он аст, ки донишро бо сифати баланд ва саводнокона пешниҳод карда тавонанд ва дар кор дар компютер таҷриба дошта бошанд.