ТҶ «Замонат» ягона ташкилоти маҳаллие мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди шуғли занон, ҷавонон, маъюбон ва муҳоҷирони баргашта замонат медиҳанд, то барои гирифтани қарз аҳ бонкҳои ҳамшарик мусоидат шавад. Кафолат ба категорияҳои зикршудаи шахсоне дода мешавад, ки дастрасии маҳдуд ба гарав ҳангоми гирифтани қарзи бонкӣ барои кушодан ё рушди соҳибкорӣ дорад.
ТҶ «Замонат» 16 апрели соли 2019 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ташкилот барои додани замонат 3,0 млн маблағ дорад .
Муассисони ташкилот машваратчиёни тиҷоратӣ мебошанд.
ТҶ «Замонат» бо ду бонки тиҷоратӣ (Бонки «Арванд» ва ТАҚХ «Финка») шартномаи шарикӣ дорад, якҷоя раванди пешниҳоди замонатҳо ба корхонаҳои хурду миёнаро ташкил менамояд
Механизми гирифтани замонат:
Вақте ки қарзҳои КХМ аз бонкҳои шарик гирифта мешаванд, ТҶ “Замонат” то 30% маблағи қарзҳои соҳибкорро бо замонат мепӯшонад. Барои хизматрасонӣ ташкилот 2% комиссия мегирад.
Дар як муддати кӯтоҳ ТҶ «Замонат» дар самти додани замонат дар байни намояндагони КХМ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид: Шумораи умумии кафолатҳои додашуда 1139 ададро ташкил медиҳад;
Маблағи умумии қарзҳои бонкӣ аз ҷониби корхонаҳои хурду миёна – 11 336 510,00 сомониро ташкил дод;
Маблағи умумии кафолатҳои додашуда 3 352 828,00 сомониро ташкил дод;
Маблағи пешбинишавандаи қарзҳо ва хавфҳои номуносиб 20 000,00 сомониро ташкил медиҳад;
Ҷузъи гендерӣ: занон – 466 нафар, мардон – 673 нафар.
Фаъолияти ТҶ «Замонат» ба рушди бахши молиявӣ мусоидат мекунад, ки имкони паст кардани хавфҳои қарзӣ, истифодаи воситаи нави молиявӣ барои гурӯҳҳои осебпазири занон, ҷавонон, стартапҳо ва дигар намояндагони КХМ-ро дар бар мегирад.
Фаъолияти ТҶ «Замонат» махсусан ба дастгирии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кишвар, ки дастрасии маҳдуд ба қарз доранд, равона шудааст, ки дар навбати худ метавонад ба рушди фазои соҳибкорӣ ва эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.
Мо интизорем, ки бо ёрии восита хамчун замонат имкони ба соҳибкории оммавӣ ҷалб намудани аҳолии ҷумҳурӣ ба вуҷуд меояд, ки ин ба баланд шудани некӯаҳволии аҳолӣ ва инкишофи имкониятҳои молиявии он дар мамлакат таъсири мусбат мерасонад.
Айни замон ТҶ «Замонат» ният дорад, ки фаъолияти худро ҷиҳати дастгирии корхонаҳои хурду миёна васеъ намояд. Ба андешаи мо, вусъати фаъолияти мо дар дигар минтақаҳо тағйироти мусбӣ дошта, барои рушди соҳибкорӣ шумораи боз ҳам бештарро фаро мегирад. Мо ният дорем, ки минтақаҳои навро аз ҷиҳати ҷуғрофӣ фаро гирем, шумораи бонкҳои шарикро зиёд кунем.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, ташкилот барои афзоиши сандуқи худ бо ҷалби сармоягузорони дигари иҷтимоӣ ва донорҳои байналмилалӣ дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави маблағгузорӣ қарор дорад, зеро фаъолияти ТҶ “Замонат” нишон дод, ки ба замонат иштирокчиёни КХМ ва бахши молиявии кишвар ниёзи зиёд доранд.