Бисёре аз ҷавонон дар Тоҷикистон фикр мекунанд, ки бидуни сармоя ва таҷрибаи тиҷоратӣ таъсис додани тиҷорати худ воқеӣ нест? Саволҳои зиёде ба миён меоянд.
Намунаҳои хубе, ки нишон медиҳанд, ки бо хоҳиши қавӣ шумо метавонед аз сифр оғоз кунед ва дар мисоли духтарони ҷавон тиҷорати худро эҷод кунед, ки мо минбаъд дар бораи он сӯҳбат хоҳем кард
“Муваффақияти бузург таҷрибаи бузург аст ва таҷрибаи бузург ин ҳазорон хатогиҳо дар роҳи шумост”- яке аз муассисони ширкати Lamassito Муродова Марзия суханони Роберт Кийосакиро иқтибос меорад. Духтарони ҷавон Муродова Марзия ва Мирализода Симо, ки ҳоло аз 21-сола зиёд нестанд, муассисони ширкати қаннодии «Ламасито» мебошанд.
Имрузхо онхо устохона доранд, ки дар он на танхо барои занону духтарон, балки барои хурдсолон хам курсхои каннодӣ мегузаронанд. Ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, онҳо 3 нафар корманд доранд, ки ба фармоиш кӯмак мерасонанд. Бо шарофати ҳамкориҳо бо ТҶ «Замонат» духтарони ҷавон дар тренингҳо иштирок намуда, машваратҳои ройгон гирифтанд ва бо мусоидати ТҶ «Замонат» соҳиби шаҳодатномаи Тоҷикстандарт гардиданд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти худро бо мӯҳлати нигоҳдорӣ дар мутобиқи талабот ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароранд.
Онҳо тиҷорати худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили telegram, facebook ва instagram таблиғ мекунанд. Ба шабакаҳои онҳо зиёда аз 11,5 ҳазор нафар обуна шудаанд. Онҳо дар ин синну соли ҷавон чӣ тавр ба хамаи ин муваффақ шуданд? Шояд баъзехо гумон кунанд, ки бахти онҳост, баъзеҳо гӯянд, ки ба онҳо ёрӣ расонданд, вале вокеият хамин аст. Соли 2018 Марзия ва Симо дар ДМТ бо ҳам вохӯрданд ва дар он ҷо ҳарду риштаи иқтисоди ҷаҳониро меомӯзанд. Ҳарду орзуи кушодани тиҷорати шахсии худро доштанд, аммо дар танҳоӣ ин корро карда натавонистанд. Донишҳои дар донишгоҳ гирифта ва дигар курсҳоро муттаҳид намуда, қарор доданд, ки бо бренди худашон Lamassito цехи қаннодӣ кушоянд.
Дар ибтидо аз сабаби набудани имконият курсҳои қаннодиро дар хона мегузаронданд. Бузургтарин такягоҳи онҳо оилаашон буд ва мебошад, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда ҳамеша ба онҳо аз ҷиҳати маънавӣ кӯмак мекарданд. Сипас, онҳо пул ҷамъ карданд, тавонистанд биноро иҷора гиранд ва таҷҳизоти заруриро харанд. Албатта, ин роҳи осон набуд. Дар ҳоле ки ҳамсолонашон вақти худро беҳуда сарф мекарданд, духтарон шабу рӯз кор мекарданд ва фикр мекарданд, ки кадом корро бо кадом роҳ беҳтар кунанд. Албатта, онҳо дар як ҷой намеистанд ва саъй хоҳанд кард, ки дар соҳаи тиҷорати интихобкардаашон беҳтарин бошанд.
We wish good luck to the young girls, and we will follow the development of their business.