Дар шумораи мақола нави Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи мо матлабе чоп карда шудааст.
Ҳадафи лоиҳаи IRDP|TRIGGER пешбурди фарҳанги фаъоли стартап дар Тоҷикистон мебошад.
Дар тӯли чанд моҳ донишҷӯёни Донишгоҳ аз барномаи инкубатсия гузаштанд, лоиҳаҳои тиҷоратиро сабти ном карданд ва аз марҳилаи тренерӣ гузаштанд.
Дар зер матни пурраи мақола оварда шудааст:
Донишгоҳ алҳол бо 146 муассисаи таълимиву илмии 24 давлати дунё, инчунин 21 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ дар самти таълим, илм ва такмили касбии омӯзгорони таҷрибаомӯзии донишҷӯён созишномаҳои ҳамкорӣ дорад Соли 2021 бошад лоиҳаи “ТАШКИЛИ КОРХОНАҲОИ НАВТАЪСИС СТАРТАП TRIGER – II” бо дастгирии ҷамъияти ҳамкориҳои ОЛМОН ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар доираи компоненти IV –уми лоиҳаи мазкур семинарҳоии омӯзишӣ дар самти “Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо” ва “Нақши парки технологии ДАТ дар омода намудани мутахассисон” бо ҷалби 110 нафар докторантон, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур.
Академияи идоракуии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон дар пойгоҳи Маркази тиббӣ- фароғатиии “Хоҷа оби гарм” ба хотири омода намудани ҷавонон дар таҳияи лоиҳаҳо, нақша-бизнес ва минбаъд ташкил намудани корхонаҳо гузаронида шуд, ки зимни пешниҳоди нақша-бизнеси худ оид ба таъсиси корхонаҳои хурд, гармхонаҳои замонавӣ. 60 нафар донишҷӯён, магистрон ва докторантони ин муассисаҳо, аз зинаи якуми талаботи лоиҳа гузашта, соҳиби сертификат гардиданд.
10 сентябри соли 2021 дар доираи лоиҳаи мазкур ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У.М. ва роҳбари Ташкилоти GIZ-и Олмон Ҷаноби Вулф Горетский, Юрген Буркс -Тимлидер PEM Concult лоиҳаи “Startup Promotion” координатории миллӣ Шомуродов Ҷумъабой “Барномаи инкубатсионӣ”, ҷиҳати омода намудани лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар асоси нақша-бизнеси пешниҳоднамудаи иштирокчиёни лоиҳа вобаста ба ташкил ва кушодани корхонаҳои навтаъсис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ду курси омӯзиширо ба муддати се моҳ дар пойгоҳи донишгоҳ кушода, ректори донишгоҳ дар мавзӯи “Рушди инноватсионии агробизнес” баромад намуданд. Дар курсҳои мазкур зиёда 30 нафар донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ, боғдорӣ ва БК, тибби ветеринарӣ, механиконии кишоварзӣ, идораи замин ва геодезия, зооинженерӣ ва иқтисодӣ ва 10 нафар донишҷӯёну магистрони Академияии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ҷалб гардиданд.
Ба донишҷӯён мушовирони баландихтисоси хориҷӣ ва маҳалӣ дарс гуфта. Дар охир дар доираи семинари ҷамъбастӣ стартапҳои ҷавонон донишҷӯи курси 4-уми факултети тибби ветеринарӣ Баҳодурова М. ва донишҷӯи курси 2-юми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ Шоназиров К. ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои беҳтарин дар самти ташкили клиникаи ветеринарии “Черная пантера” ва ташкили сомонаи ягонаи тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “IRBIS”. Ҳамчун стартапҳои беҳтарин бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии ин курсҳо ва дар сатҳи лозима бо усули интерактивӣ гузаронидани дарсҳо дар пойгоҳи Маркази фароғатию табобати Хоҷа Оби гарм ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур маводҳои конселярӣ ва тахтаҳои синфӣ харидорӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи компонентҳои II ва IV-уми лоиҳаи мазкур чор нафар омӯзгорони донишгоҳ, дотсентон Холов Ф.Ш., Раҳимов Ҳ.С., Боймуродов Р.Б. ва омӯзгор Расулова З.О. дар самти “Таҳияи модулҳо”, “Таъсири тағйирёбии иқлим дар рушди кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос гузашта, ба ҳайси мушовир дар доираи лоиҳа фаъолият намуда, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хоҷагидорон аз Ноҳияҳои Тобеи Ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷиҳати таҳияи нақша-бизнес оид ба кушодани корхонаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузарониданд, ки дар он зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, хоҷагидорон, занон – фермерон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ ширкат варзиданд ва ин ҳамкориҳо боз ҳам идома доранд.
Мо ба роҳбарияти Донишгоҳ барои дастгирӣ ва рушди донишҷӯён миннатдории беандоза изҳор менамоем.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ ёфта, аз ҷониби GIZ Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.