Моҳипарварӣ як тиҷоратест, ки на танҳо писарон, балки духтарон низ метавонанд.
Дилнавоз Саидова, соҳибкори ҷавону боистеъдод, аз ҷумлаи чунин духтаронест, ки ба ин навъи тиҷорат машғул шуда, фоида ба даст меорад.
Тавре худи Дилнавоз қайд мекунад, маҳз иштирок дар тренингҳои Лоиҳаи Рушди Фарогирии Деҳот/TRIGGER ба ӯ имкон дод, ки идеяи худро инкишоф диҳад ва тиҷорати худро оғоз кунад.
Мусоҳибаи пурраро хонед ва бо қаҳрамони мо шинос шавед:
- Чаро шумо тасмим гирифтед, ки соҳибкор шавед? 2. Ин идея ба шумо чӣ гуна пайдо шуд?
Пеш аз ҳама мехоҳам соҳиби кори худ бошам ва қобилияти роҳбарии коргаронро дорам, дигар ин ки мақсади соҳибкор шудани ман ин ба даст овардани фоида, яъне ба даст овардани маблағ мебошад.
Ман бо ҳамроҳии бобоям дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунем ва як қисми хоҷагии деҳқониро ҳавзи моҳӣ ташкил медиҳад.
Мехоҳем, ки дар ин ҳавз ба моҳипарварӣ машғул шавем, чунки талабот дар бозор ба гушти моҳӣ хело ҳам зиёд аст. Дар минтақаи мо ҳавзҳои моҳипарварӣ вуҷуд надоранд.
Мо имконият дорем, ки дар ҳамин ҳавз чор намуди моҳӣ парвариш кунем ва истеҳсолотро то ба 20 тона аз ҳар як гектар расонем.
2. Аз иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER шумо чӣ ба даст овардед?
Бо ҳамин ақидаи тиҷоратии худ ман дар озмуни эълоннамудаи лоиҳаи дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмин намудани даромаднокии аҳолӣ иштирок кардам ва маро ба семинари омӯзишии boot camp ва барномаи инкубатсионӣ даъват намуданд.
Дар он ҷо ман бо кӯмаки тренерон ва кормандони Пем консалтинг идеяи худамро ба бизнес-нақша табдил додам.
3. Кадом лоиҳаҳои нав интизоранд, афзалиятҳои ширкат барои чанд соли оянда?
Айни замон бизнес-нақшаи худро амалӣ карда истодаам, аз он ҷумла чор намуд моҳиро парвариш мекунем, ки инҳо ширмоҳӣ, морсар, моҳии сафед ва лақамоҳӣ мебошад.
4.Маслиҳат медиҳед, ки дар чорабиниҳои омӯзишӣ, таълимӣ иштирок кунанд?
Ман ба дигар ҷавононе, ки ба соҳибкорӣ машғуланд гуфтаниям, ки эҷодкорона фикр намоянд ва ва аз лоиҳаи мазкур истифода намоед ва роҳҳои соҳибкори муваффак шуданро омӯзед, аз мутахассисон ва мушовирони милли ва байналмилали.