Павлония чист?
Павлония дарахти азимҷусса тез афзоишкунанда аст. Баргҳояш хеле калон буда паҳнои барги дарахти калонсолаш то ба 70см мерасад ва баландии қади дарахт бошад то ба 20 метр мерасад. Павловния қаблан танҳо дар Чин парвариш мешуд, вале ҳоло онро дар аксар кишварҳо пайдо кардан мумкин аст. Ба гуфтаи мутахассисон, павловния дар Тоҷикистон хеле хуб мерӯяд. Нашъунамои асосии дарахт дар се соли аввали ҳаёти растанӣ ба амал меояд. Он дар як сол то панҷ метр илова мекунад ва ин баландтарин суръати афзоиш дар ҷаҳон аст.
Дар зер мо якчанд хусусиятҳои асосии Павловнияро меорем:
- Ин дарахти босуръат нашъу нумӯкунанда дар ҷаҳон аст, ки дар як сол то 5 метр месабзад.
- Дар ҳароратҳои аз -30 то +40 тобовар аст ва дар ҳама гуна хок мерӯяд.
- Чӯбу тахтаи он хеле сабуку мустаҳкам аст
- Қутри танаи дарахти павлония то 70 см ва баландиаш то ба 20 метр мерасад, ба ҳисоби миёна 100 сол умр мебинад.
- Ҳангоми буридани дарахт онро дубора шинондан лозим нест. Аз решааш ва ё аз парбехиаш дубора месабзад.
- Аз ҳисоби сабукии вазнаш нақли он (таҳвили он) осон аст.
- Сергул аст ва барои асалпарварӣ хеле мувофиқ аст
Парвариши ПАВЛОНИЯ ҳамчун идеяи бизнес.
Соҳибкорони навкор дар бахши агробизнес бояд ба парвариши павловния ҳамчун зироати алтернативӣ ва инчунин бизнеси перспективӣ эътибор диҳанд. Парвариши павловния усули қулайи дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани чӯби аълосифат ва баргу навдаи (биомассаи) баландсифат мебошад. Павловния барои биомасса чорводрӣ барои хӯроки чорво истифода мешавад. Баргҳои павловния то 20% сафеда доранд ва ин нисбат ба дигар хӯрокҳои дорои чунин таркиб якчанд маротиба арзонтар аст.
Одатан истеҳсоли павлонияро СТАРТАПҳо метавонанд бо якчанд мақсадҳои тиҷоратӣ ба роҳ монанд, ба монанди:
- Барои истеҳсоли чӯбу тахта (ҳамчун ашёи хом барои корхонаҳои коркарди чӯб ва ё барои сохтумон)
- хамчун базаи хуроки чорво дар самти чорводорӣ
- Манбаи энергия (ҳезум)
- Ҳамчун манбаъи накҳат (нектарин) барои занбӯрпарварӣ.
- Ашёи хом барои истеҳсоли маводҳои табобатӣ
Ба туфайли рушди босуръат доштанаш ва сифатҳои дигари арзиши иқтисодиаш – истеҳсоли павловнияро ҳамчун бизнес – идеяи хуб ва сердаромад барои стартапҳои дар бахши агробизнес фаъолият дошта пешниҳод мекунем.
Дар мақолаҳои навбатӣ мо ният дорем, ки технологияи парвариши павловния ва баъзе ҳисобҳои иқтисодиро нашр кунем.
Хонандагони муҳтарам метавонанд оиди истеҳсоли павлония ва ё дигар ҷухъиётҳои он ба сомонаи www.tajik-stsrtups.com саволҳои худро дарҷ кунанд, Мутахассисони лоиҳаи “TRIGGER II – Start-up Promotion / GIZ ба саволҳои Шумо ҷавоб медиҳанд ва ё тавсияҳои заруриро пешкаш мекунанд.