Дар тӯли 100 соли охир, мактабҳои тиҷоратӣ аз мактабҳои савдо, ки асосан ин ё он касбро меомӯзониданд, ба макони навовариҳои академӣ ва гузаронидани таҳқиқоти ҷамъиятӣ табдил ёфтанд. Аввалин мактабҳои тиҷоратӣ дар Аврупо дар асри ҳаждаҳ пайдо шуда, аз ибтидои асри нуздаҳ афзоиш ёфтан гирифтанд. Агар, дар Аврупо, мактабҳои тиҷоратӣ ҳамчун аввалин муассисаҳои таълимие, ки тиҷоратро таълим медодаанд, эътироф шуда бошанд ҳам, дар ибтидои асри нуздаҳ таҳсилоти тиҷориро мактабҳои муҳандисӣ дар сатҳи баландтарин мерасониданд. Якчанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон низ аввалин мактаби тиҷоратӣ таъсис ёфта, фаъолона фаъолият мекунад. Онҳое, ки тиҷоратро меомӯзанд, имконият доранд малакаҳои асосии худро дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла баҳисобгирӣ, молия, идоракунии лоиҳа, технологияи иттилоотӣ (IT), захираҳои инсонӣ (HR), маркетинг, тиҷорати байналмилалӣ, таъминоти молу маҳсулот ва рафтори ташкилӣ такмил диҳанд, ки ин метавонад барои идоракунии тиҷорати оянда ба онҳо кӯмак кунад.
Баромади Карина дар тренинге, ки Барномаи TRIGGER II ташкил намудааст
Лоиҳаи «Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) кушиш ба харҷ медиҳад, ки ба соҳибкорони ҷавон ва стартапҳои тоҷик ҳама гуна имконотро барои рушд ёфтани онҳо фароҳам оварад. Яке аз чунин имкониятҳо дар ҷараёни силсилаи чорабиниҳои онлайн, ки TRIGGER II барои стартапҳо ва ҷавонон ташкил карда буд, фароҳам оварда шуд. Дар он асосгузори Мактаби тиҷорати Тоҷикистон Карина Сафоева хизматҳоеро, ки мактаби онҳо ба донишҷӯёнашон пешниҳод мекунанд, муаррифӣ кард.
Ин нахустин мактаб дар Тоҷикистон аст, ки ба соҳибкорон, стартапҳо ва роҳбарони соҳибтаҷриба омӯзишҳоеро пешниҳод мекунад, ки барои баланд бардоштани малакаи онҳо равона шудаанд. Карина мегуяд, “Бо кумаки мутахассисони фаъол ва муваффақ, раванди таълим ба қадри имкон ба воқеиятҳои кишвари мо наздик карда мешавад. Донишҷӯён аз ҷустуҷуи идея сар карда, то роҳҳои татбиқи лоиҳаи тайёр донишҳои мувофиқ мегиранд”.
Мактаби мазкур бо якчанд созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад ва ҳадафи он аз беҳтар намудани фаъолияти одамон ва ташкилотҳо, бунёди ҷомеаи тиҷоратие, ки дар оянда самаранок фаъолият намояд, ташаккули биниши нав ба ҷаҳон, тиҷорат ва зиндагӣ иборат аст.
Мактаби тиҷорати Тоҷикистон як қатор стартапҳои муваффақро хатм кардааст, ки соҳиби фоидаи хеле хуб буда, дар кишвар шуҳрати хоса ба даст овардаанд. Яке аз чунин тиҷоратҳо ғолиби лоиҳаи “Startup Challenge” мебошад, ки оид ба истеҳсоли пойафзоли хушсифат сехи корӣ ташкил кардааст. Айни ҳол ин бренд дар Тоҷикистон машҳур буда, дар он зиёда аз 30 нафар коргар фаъолият мекунанд.
Азам ва пойафзоли машҳури ӯ
Як стартап идеяи дигари муваффақ, ки аз ҷониби Мактаби тиҷорат дастгирӣ шудааст, лоиҳаи Нони Зинда мебошад, ки дар истеҳсоли маҳсулоти нонии озод аз GMO (Организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта) кор мекунад. Лоиҳаи мазкур ҳадафҳои стратегии кишварамонро оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва амнияти аҳолӣ дастгирӣ мекунад ва дар шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд хеле маъмулу машҳур шудааст.
Ғолибони озмуне, ки барои стартап идеяҳо аз ҷониби Мактаби тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шудааст
Лоиҳаи «Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) II – Бахши IV бо номи “Пешбурди стартапҳо ва рушди соҳибкорӣ”, ки аз ҷониби BMZ маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи GIZ тавассути консорсиуми PEM CONSULT/ICON/CEFE Intl амалӣ карда мешавад, ба таҳкими устувории иқтисодии микро, хурд ва миёна- равона шудааст. Мақсади барномаи мазкур таҳкими устувории иқтисодии корхонаҳ
ои микро, миёна ва хурд (КХМХ), аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии хурд, соҳибкорони ҷавон ва занони Тоҷикистон равона шудааст. TRIGGER II фаъолияти лоиҳаҳои пештараи худро тавсеа дода, ба масоили вобаста ба соҳаи кишоварзӣ (аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркетинг) таваҷҷӯҳи муҳим медиҳад. Ҳадафи барнома беҳтар намудани робитаҳо байни фаъолони гуногуни бозор (масалан, гурӯҳҳои истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои коркард) ва баланд бардоштани манфиати маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи расмҳо: Сарчашмаҳои интернетӣ