“Ба шарофати барномаи инкубатсия ва суръатбахшии фаъолият, мо як системаи инноватсионии идоракуниеро таҳия намудем,ки он лоиҳаҳои моро ба нишондиҳандаҳои баланд мерасонад,” мегӯяд яке аз коршиносони мо – Равшан Қурбонов,ки дониш ва таҷрибаи худро бо иштирокчиёни барномаи инкубатсия мубодила мекунад. Равшан яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар буда, вазифаи директори генералии яке аз ширкатҳои пешсафи Тоҷикистон – “FIFTYFIVE GROUP”-ро ӯҳда мекунад.
Ӯ дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи тиҷорат аст, ки онро бо соҳибкорони ҷавон мубодила мекунад. Дар остонаи ифтитоҳи барномаи инкубатсионӣ, ки аз ҷониби барномаи TRIGGER II- Бахши IV “Пешбурди стартапҳо (соҳибкори навкор)” барои 100 стартапи тоҷик дар Душанбе ва Хуҷанд ташкил карда шуд, Равшан ба як қатор саволҳои мо дар робита ба ин барнома посух дод. Дар остонаи ифтитоҳи барномаи инкубатсионӣ, ки аз ҷониби барномаи TRIGGER II- Бахши IV “Пешбурди стартапҳо (соҳибкори навкор)” барои 100 стартапи тоҷик дар Душанбе ва Хуҷанд ташкил карда шуд, Равшан ба як қатор саволҳои мо дар робита ба ин барнома посух дод.
Чаро ҳар як стартап бояд аз барномаи инкубатсия гузарад?
Ман ба се нуктаи асосӣ таваҷҷӯҳ мекунам:
1) Назария – дар давоми барномаи инкубатсия, ҳар як соҳибкори навкор бисёр маълумоти муфид, донишҳои назариявӣ дар соҳаи соҳибкорӣ мегирад, аз ҷумла скрипт чист, моделсозии бизнес чист, кадом намудҳои буҷет ва хароҷотҳои он мавҷуданд. Чунин заминаи назариявӣ барои иштирокчиён хеле зарур аст;
2) Таҳлил – барномаи инкубатсионӣ ба стартап имкон медиҳад, ки бозорро таҳлил кунад, моделҳои тиҷорати худро аз нав дида барояд, гурӯҳи доштаашро арзёбӣ ва таҳлил кунад;
3)Сармоягузорӣ – дар ҷараёни барномаи инкубатсия, стартап имконият пайдо мекунад, ки бастаи идеяи тиҷоратиашро барои пешниҳод ба сармоягузорон омода созад, идеяи тиҷоратиашро дар питч ҷаласаҳо санҷида, хулоса барорад.
Кӣ бояд барномаи инкубатсияро гузарад?
Се категорияи асосии стартапҳо бояд аз барномаи инкубатсия гузаранд:T
- 1) Онҳое, ки то ҳол танҳо идеяи тиҷории хуро муайян кардаанд – барнома барои таҳияи идея ба онҳо хеле муфид хоҳад буд;
- 2) Онҳое, ки маҳсулоти нимтайёр (MVP) доранд ва онро бояд такмил диҳанд, озмоиш кунанд ва нигоҳи шахсони сеюмро гиранд;
- 3) Онҳое, ки аллакай корро оғоз кардаанд ва дар реҷаи нимташкилӣ фаъолият мекунанд ё ҳатто фурӯши аввалини худро доранд – барнома ба онҳо дар таҳкими дастаи худ, таҳияи моделҳо ва самтҳои дарёфти каналҳои нави фурӯш мусоидат мекунад.
Лутфан, барномаи инкубатсияро шарҳ диҳед? Он чиро дар бар мегирад?
Барномаи инкубатсия, ба монанди аксари барномаҳои инкубатсионии анъанавӣ, ду унсури асосиро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, ин омӯзишҳо мебошанд, ки дар рафти он мутахассисони ботаҷриба ва соҳибихтисос донишҳои муосири соҳаи соҳибкориро ба иштирокчиёни барнома интиқол медиҳанд. Чизи дигаре, ки соҳибкорони навкор барои худ мегиранд, ин кейсҳои амалии дигар соҳибкорон, имкони баррасии бизнес идеяҳои тиҷоратӣ, баҳогузории ҷиҳатҳои мусбат ва манфии онҳо, омухтани қарорҳои муваффақ ва хато мебошад. Ин маълумот ва таҷриба ба стартапҳо ҷиҳати аз нав дида баромадани тиҷорати худ аз нуқтаи назари шахсони сеюм кӯмак мекунанд.
Пас аз гузаштани инкубатсия стартапҳо барои худ чӣ мегиранд?
Муҳимтарин чизе, ки онҳо дар натиҷаи ширкат дар ин барнома ба даст меоранд – ин робитасозӣ аст, яъне шиносоӣ бо коршиносони соҳаи ҳуқуқ, молия, маркетинг ва дигар соҳаҳои муҳими тиҷорат. Инчунин, онҳо аз ҳисоби менторҳо – соҳибкорони фаъол, ки метавонанд ба онҳо кумак расонанд ва онҳоро роҳнамоӣ кунанд, шояд барои ислоҳи баъзе нуктаҳо кумак расонанд, роҳҳои беҳтар кардани идеяи тиҷоратиашонро пешниҳод намоянд, робитаҳои муфид ба даст меоранд. Онҳо бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки шояд хоҳиши идеяи тиҷоратии стартапро сармоягузорӣ карданро пайдо кунад, ба даст меоранд. Илова ба робитасозӣ, ҷанбаи дигари муҳиме, ки ҳар як иштирокчии барномаи инкубатсия аз он баҳра мебарад, усули муосир ва муассири пешбурди тиҷорат мебошад.
Мо аз Равшан Қурбонов барои андешаҳои коршиносиаш ва посух ба саволҳои мо сипосгузорем. Умедворем, ки шумо ин маълумотро барои худ муфид хоҳед ёфт. Ба ҳама барори кор хоҳонем!