Агар Шумо соҳибкор бошед ва хоҳед, ки тиҷорати худро оғоз ва ё рушд диҳед, аммо барои ин шумо гарави кофӣ надоред, мо метавонем ба шумо кӯмак кунем ва ба сифати зомини қисми қарзе, ки барои он гарави кофӣ надоред, баромад кунем. Барои ин Шумо метавонед ба ҶДММ ТАҚХ «Финка» ё бонки «Арванд»,ки шарикони ТҶ «Замонат» мебошанд, дар тамос шуда, дар бораи маҳсулоти мо ба шумо маълумот медиҳанд.
Маҳсулоти стандартӣ:
• Замонат барои ҳама намуди қарзҳо, ба истиснои қарзҳои ипотека ва истеъмолӣ дода мешавад;
• Комиссия барои хизматрасонӣ 2% аз маблағи замонати додашударо ташкил медиҳад;
• Комиссия як маротиба аз ҷониби муштарӣ пеш аз гирифтани замонат пардохт карда мешавад;
• Маблағи замонат на бештар аз 30 % маблағи қарзро ташкил медиҳад.
Агар шумо тасмим гиред, ки замонати моро гиред, шумо ба бонк омада, барои қарз муроҷиат мекунед. Корманди бонк шуморо баҳо медиҳад, таърихи кредитии шуморо тафтиш намуда, гарави шуморо арзёбӣ мекунад. Дар сурати набудани гарав кормандони бонк барои пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пешниҳоди онҳо барои баррасӣ ба комиссияи арзёбии ТҶ «Замонат» мусоидат мекунанд.
Пас аз баррасии тамоми ҳуҷҷатҳо Комиссия хулосаи худро мебарорад, агар муштарӣ ба шартҳои ТҶ «Замонат» мувофиқат кунад, муштарӣ барои гирифтани замонат иҷоза мегирад, то дар ҳаҷми зарурӣ барои рушд ё таъсиси корхонаи худ қарз гирад. Фаъолияти ТҶ «Замонат» махсусан ба дастгирии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кишвар бо дастрасии маҳдуд ба қарз равона шудааст, ки дар навбати худ метавонад ба рушди фазои соҳибкорӣ ва эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.
Тамос бо бонкҳои шарик:
Бонки “Арванд”
МХБ «Садбарг», хиёбони Рӯдакӣ, 10
ш Филиали ҶСП Бонки «Арванд», ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 17
Н.Қарабоева Идораи марказӣ, 22
ш. Душанбе Филиали ҶСП «Бонки «Арванд»
ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ 61/1 МХБ «Сино» дарёи Сино, кучаи Б.Гафуров, 44
Филиали ҶСП «Бонки «Арванд», хиёбони И.Сомонӣ 1 «А»
ш.Хуҷанд МХБ микрорайони 19, хиёбони Р.Хочиев, шахри Хучанд ТАҚХ
ш.Хуҷанд МХБ микрорайони 19, хиёбони Р.Хочиев, шахри Хучанд ТАҚХ
Идораи марказӣ, кӯчаи Ҷ. Расулов, 9, шаҳри Душанбе
Филиалҳои ҶДММ ТАҚХ «Финка» дар вилояти Хатлон
ТҶ “Замонат”
Почтаи электронӣ: zamonattj@gmail.com
Сомона: http://zamonat.tj
Facebook: Zamonat Tj
Телефон: 487034370