Боғдории интенсивӣ ҳамчун ғояи хуби бизнес барои СТАРТАПҳо дар бахши агробизнес. Вақте ки дар баромадҳоям дар семинарҳо ва ё ҷамомадҳои соҳавӣ ба иштирокчиён оиди даромаднокии соҳаи боғдорӣ маълумот медиҳам, на ҳамаи иштирокчиён ба маълумотҳои пешниҳодшуда бовар мекунанд. Дар мавриди даромад аз 1га боғи себ (барои мисол) гуфтаниам, ки дар шароити Тоҷикистон аз 500000 то ба 1000000 сомонӣ ба даст овардан мумкин аст. Барои ин фақат якчанд омилҳоро дар истеҳсолоти мева муҳайё намудан ва аз афзалиятҳои рақобатпазирии мавҷудаи агробизнес истифода бурдан лозим аст. Дар зер расмҳои себ ва нархҳои он дар моҳи марти соли ҷорӣ аз супермаркети “Пайкар”/ шаҳри Душанбе ва супермаркети “Форс” / шаҳри Истаравшан (вилояти Суғд)-ро меорем:
Чӣ гуна, ки аз расмҳо маълум аст нарҳои себ аз 34 сомонӣ то 45,8 сомонӣ мебошад. Ин себҳои воридотӣ буда дар Чили ва ИМА истеҳсол карда шудаанд.
Расми поёни бошад расми себи маҳҳалӣ буда бо нахи 9сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда аст.
Муҳтарам соҳибкорони навкор (стартапҳо) дар шароити Тоҷикистон аз як дарахт аз 50 то 150кг себи хушсифат гирифтан имконпазир аст. Себе, ки аз рӯи сифат аз себҳои дар Чиливу Амрико истеҳсолшуда ҳеҷ монанди надошта бошад, ва ҳатто аз рӯи мазза ва бӯй аз онҳо авлотар ҳам шуда метавонад. Барои мисол: ба ҳисоби миёна аз як дарахт 100 кг себи хушсифат гирем (дарахтони пурра ба ҳосил даромада ва хуб нигоҳубин карда шуда ин ҳосилро бе чунну чаро медиҳанд) ва аз рӯи нақшаи кишти 4м*5м дар 1га боғ 500 дарахт мавҷуд аст, ки ҳосили умумиашон 500*100кг=50000кг-ро ташкил медиҳад. Ва агар мо ақалан 10сомонӣ /кг фурӯшем онгоҳ 500000 сомнӣ даромад аз 1га боғи себ имконпазир аст. Агар қимматтар фурӯшем аз инҳам зиёд даромад ба даст овардан мумкин аст.
Барои ин чӣ бояд кард?
- Аввалан ҳангоми бунёди боғҳои нав технологияҳои муосири истеҳсоли меваро истифода бурдан лозим аст, ки онро Усули Интегратсионии идораи Истеҳсолот (IPM) низ меноманд. Истифодаи ин усул сифати маҳсулотро хеле беҳтар намуда ҳосилнокии дарахтони мевадорро ба маротиб зиёд мекунад.
- Сониян тадбиқи интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ – тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ зарур аст. Боғҳои интенсивӣ се намуд мешаванд: ниминтенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ. Барои стартапҳо дар оғози фаъолият бунёди боғҳои ниминтенсивиро тавсия медиҳем, зеро:
– нисбатан камхарҷтар аст,
-ниҳолҳои маҳаллӣ истифода бурда мешаванд, ки арзонтаранд
-хароҷтоҳо барои шпалерҳову симкашкунӣ сарфа мешаванд.
-дар боғҳои ниминтенсивӣ малакаи соддатаре лозим аст (дар суперинтенсивӣ ва интенсивӣ бошад аллакай малакаҳои сатҳан баланд лозим аст, ки стартапҳо чунин малакаҳоро соҳиб нестанд)
- Истифодабарӣ аз имкониятҳои хуби мавҷуда. Ба монанди истифодабарӣ аз афзалиятҳои мавҷудаи рақобатпазирӣ:
- Замини ҳосилхез
- Иқлими мувофиқ барои истеҳсоли мева, хусусан себ
- Талаботи зиёди бозор ба меваҳои хушсифат
- Қувваи кории арзон
- Малакаи анъанавии хуби деҳқонӣ ва ғайра
Хулоса барои стартапҳо тавсияи мо ҳамин аст, ки ҳангоми оғзи фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт, яъне бунёди боғи мева бо мақсади истеҳсоли меваҳои хушсифат ба нуқтаҳои муҳими он этибор диҳанд, яъне:
истифодаи имкониятҳо ва афзалиятҳои рақобатпазирӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ дар истеҳсолот ва азхудкунии бозор таввасути пешниҳоди меваҳои хушсифат.
Хонандагони муҳтарам метавонанд оиди истифодабарии технологияҳои муосир дар истеҳсоли мева ва ё дигар масъалаҳои иқтисодиву маркетингӣ ба сомонаи www.tajik-stsrtups.com саволҳои худро дарҷ кунанд, Мутахассисони лоиҳаи “TRIGGER II – Start-up Promotion / GIZ ба саволҳои Шумо ҷавоб медиҳанд ва ё тавсияҳои заруриро пешкаш мекунанд.