Рӯзҳои 29-30 ноябр дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси ҷаласаи навбатии иқтисодӣ бахшида ба «Роҳҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии комплекси агросаноатии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Имрӯзҳо кишварҳои саросари ҷаҳон имкониятҳои истифодаи технологияҳои рақамиро барои суръат бахшидан ва васеъ кардани ғояҳои инноватсионӣ бо таъсири потенсиали баланд ба маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзӣ истифода мебаранд. Ба ҷорӣ намудани технологияҳои мавҷуда ва пешрафта, таҳия ва васеъ намудани хизматрасонӣ, воситаҳо ва равишҳои нав барои тавонмандсозии хонаводаҳои деҳот ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавон дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ диққати зиёд дода мешавад.
Чаро рақамикунии соҳаи кишоварзӣ имрӯзҳо муҳим аст? Тибқи таҳлили ФАО, соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ аз табодули рақамикунӣ ва дастраси мобилӣ гузашта истодааст. Дар бахшҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, паҳншавии технологияҳои мобилӣ дастрасии деҳқонони хурдро ба иттилоот беҳтар мекунад, ки дар натиҷа истеҳсолот ва маҳсулотнокӣ афзоиш ёфта, занҷирҳои таъминот оптимизатсия мешаванд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, ташкили ҷаласаи иқтисодӣ аз ҷониби барномаи TRIGGER II GIZ сари вақт ва мувофиқ аст. Бояд гуфт, ки сатҳи ташкили чорабинӣ ба дараҷаи баланд гузаронида шуд.
Дар ин нишасти иқтисодӣ намояндагони бахши давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд. Рӯзи аввали ҷаласа ба масъалаҳои инноватсия ва рақамикунонӣ дар Тоҷикистон, ки яке аз масъалаҳои муҳими комплекси агросаноатии кишвари мо ба ҳисоб мервад, бахшида шуд. Масъалаҳои марбут ба консепсияҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегии рушди иқтисодиёти рақамӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Имрӯз зҳтиёҷоти комплекси агросаноатӣ ба рақамикунонӣ ба миён омадааст ва яке аз баромадҳои хеле ҷолиб оид ба рушди интеллекти сунъӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи он дар бахши кишоварзӣ буд. Ҳамаи ин масъалаҳо таъхирнопазир буда, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон кӯмаки мусбии худро мерасонанд.
Рӯзи дуюми вохӯрӣ ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон бахшида шуд. Дар баробари мушкилотҳо ва таҳдидҳои наве, ки тамоми ҷаҳон бо он рӯбарӯ шуда истодааст, мавзӯи асосии рӯзи дуюми нишаст ба нақши занони соҳибкор дар рушди инноватсия ва рақамикунонии комплекси агросаноатӣ бахшида шуд, ки имруз алалхусус дар замонаи ҳозира хеле саривақтӣ буда барои рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат аҳамияти калон дорад.
Барномаи ҷаласаи иқтисодӣ имкон дод, ки самтҳои баҳс ба баррасии рисолати занон дар ташаккул ва рушди соҳибкорӣ, рушди иқтисод ва рақамикунонӣ, дастрасӣ ба молия, эҷоди имкониятҳои инноватсионӣ корхонахо ва ба амал баровардани дигаргунсозихои социалӣ дида баромада шаванд.
Барномаи иқтисодии ҷаласаҳои пленарӣ бо иштироки занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони корхонаҳои давлатӣ, шахсони хуқуқӣ ва соҳибкориро дар бар гирифт.
Рӯзи дуюми анҷумани иқтисодӣ бонувони фаъоли Тоҷикистонро гирди ҳам оварда, як платформаи муносиберо фароҳам овард, ки дар он нақши занони соҳибкорро дар ҷаҳони муосир баррасӣ шуда, равишҳои муштарак барои ҳалли мушкилот дида баромада шудаанд.
Духтарони ҷавон, соҳибкорони навташкил аз ҷониби барномаи машваратии PEM консалтинг даъват карда шуданд, барояшон имконияти хуби муҳаё шуд то бо фаолияти соҳибкории занони тоҷик шинос шуда, оид рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ маслиҳату дастурҳои илҳомбахш гирианд.