Яке аз зироатҳое, ки дар Тоҷикистонимконияти хеле зиедеро дар соҳаи агробизнес дорад ин чормағзи заминӣ ё худ арахис мебошад. Арахис гарчанде, ки дар байни мардум ҳамчун чормаҳзи заминӣ машҳур аст, дар асл растании алафӣ аз оилаи лубиёгиҳо мебошад. Дар Тоҷикистон арахисро соҳибкорон метавонанд барои фуруш ҳамчун ашёи хом парвариш кунанд, инчунин барои коркард, нигаҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун дар тиҷорати худ истифода баранд. Дар соли 1903 олими амрикоӣ Ҷорҷ Карвер оиди истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун аз арахис кор карда, зиёда аз 300 маҳсулотро муайян намуд, ки соҳибкор метавонад ба истеҳсоли он машғул шавад ва даромади хуб ба даст орад. Яъне дар Тоҷикистон арахис яке аз серимконияттарин маҳсулот барои оғози тиҷорат мебошад, ки маблағгузорӣ ва заҳмати зиёдро талаб намекунад.
Парвариши арахис
Аз хар гектари истеҳсоли арахис метавон аз 1500 то 2000 кг ҳосил ба даст овард. Яъне бо нархи имрузаи бозор, ки 10-12 сомониро ташкил медихад метавон 20000-24 000сомонӣ даромад ба даст овард. Бо назардошти онки барои киштукори арахис хароҷот ва меҳнати зиёд талаб намекунад, аз ҳзар гектари замин деҳқон даромади бештарро ба даст меорад.
Инчунин дар ҷануби Тоҷикистон, ки давраи нашъунамои растаниҳо дар давоми сол дароз аст, деҳқонон метавонанд арахисро дар кишти дуюм, пас аз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва сабзавотҳои барвақти кишт намуд ва даромади иловагӣ гирифт. Инчунин аз сабаби онки арахис зироати лубиёгӣ мебошад, кишти он дар пас аз пахта тавсия дода мешавад. Ин боиси беҳтар гардидани таркиби хок ва струтктураи он гашта, инчунин яке аз роҳҳои мубориза алайҳи кирми пахта мебошад.
Дар Тоҷикистон гарчанде ҳамаи шароит барои истеҳсоли арахис мавҷуд аст, истеҳсоли он ба қадри кофӣ нест ва қисман он аз хориҷа ворид карда мешавад. Биноан як намуди тиҷорати нав барои деҳқонон ин истеҳсол ва фуруши арахис мебошад.
Бирён кардани арахис дар шароити хона
Бирён кардани арахис хеле осон мебошад. Барои ин танҳо арахис ва равғани растани лозим аст. Арахисро метавон бо пустлохаш бирён кард ва ё пустлохи онро тоза карда сипас бирён кард. Барои истеҳсоли хушсифат бояд донаҳои хушсифатро интихоб намуд. Соҳибкорон метавонанд ҳосиле, ки худашон дар заминҳояшон руёндаанд ва инчунин метавонанд онро ба тарзи яклухт харидорӣ намуда, ба ин намуди тиҷорат машғул шаванд. Бояд зикр намуд 1 кг арахиси хом дар бозор 10-12 сомонӣ ва як кг арахиси бирёнкардашуда 25-30 сомонӣ арзиш дорад.
Арахиси бирёнкардашударо метавон дар чандин намуд мисол арахиси бирёни намакӣ, арахиси бирён бо пучоқаш, арахиси бирёни равғанӣ, арахиси бирёни беравған ва бенамак ва даҳҳо намуди дигари маҳсулотро вохурдан мумкин аст. Яъне бо хароҷоти кам ва даромади хуб метавонед тиҷорати хурдро оғоз намоед. Дар шароити корхонаҳои нисбатан калонтар ва саноати барои бирён кардани арахис мошинолотҳо ва тафдонҳои гуногунро истифода мебаранд, ки метавонанд бо барқ ва ё сузишвории сахт кор мекунанд ва миқдори зиёдро метавонанд коркард кунанд. Бирён кардани арахиси хом боз як намуди тиҷорати хурд аст.
Бандубасти арахис
Мағзи арахисро дар бозор ба тарзи бе бандубаст ва инчунин дар шакли бандубастшуда дар зарфҳои гуногун дарёфт кардан мумкин мумкин аст. Яъне бандубасти мағзи арахис ин боз як намуди истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда буда, соҳибкор метавонад бо ин роҳ даромади иловагӣ ба даст орад.
Бастабандӣ инчунин метавонад дар намуд ва намудҳои гуногун бошад ва бастабандӣ беҳтар бошад, ҳамон қадар ба нарх таъсир мерасонад ва даромади соҳибкорро зиёд мекунад. Бандубаст низ тарзҳо ва намудҳои гуногунро дорад ва харқадар беҳтар намудани бандубаст ҳамон қадар ба нархи фуруши он таъсири мусбат мебахшад ва даромади соҳибкорро афзунтар мегардонад. Барои бандубасти арахис низ мошинолотҳои гуногунро истифода мебаранд.
Истеҳсоли қайлаи арахис
Яке аз маҳсулотҳои бозоргир ва фоидаовар аз истеҳсоли арахис ин истеҳсоли қайлаи он мебошад. Дар Тоҷикистон қисми зиеди қайлаи арахис аз хориҷа ворид карда мешавад. Биноан касоне ки ба тиҷорати истеҳсоли арахис машғул шуданианд, метавонанд дар муддати кутоҳ хароҷотҳои худро баргардонида, фоида ба даст оранд. Мувофиқи нақшаи тиҷоратии истеҳсоли арахис муддати бозгашти маблағҳо 8-9 моҳро ташкил медиҳад. Барои ба ин намудани тиҷорат машғул шудан таҷҳизотҳои зерин зарур астанд:
1. 1. Таҷҳизот барои тоза кардани мағзи арахис аз пучоқ
2. 2. Мошин барои тоза кардани пусти мағзи арахис (усули хушк)
3. 3. Тафдон барои бирён кардани арахис
4. 4. Осиёб барои қайла намудани арахис
5. 5. Дастгоҳ барои банбасти маҳсулоти тайёр
Ба ҳисоби миёна арзиши аслии 1 банкаи 250 граммаи қайлаи арахис бо назардошти хароҷотҳо барои таҷҳизот ва ашёи хом тақрибан 12 сомониро ташкил медиҳад ва нархи фуруши он дар бозор аз 25 сомони боло аст.
Ҳамин тариқ, истеҳсол ва коркарди чормағз яке аз намудҳои ояндадори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.